Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Дарёфт, ки пойҳояш вазнашро набардоранд. Рўйи қолийи эронӣ нишаст, ки бўйи оҳор дошт. Ва магар ин бўй бурдаш, ки беҳолу бемадор дарёзид ва сар бар бозуйи чап ниҳода лаҳзае олами ҳастиро фаромўш кард. Нафаҳмид, ки чун бурд ғанабаш.
Вақте бедораш карданд, ки дар баландиҳо сайр мекард ҳамроҳи шоҳ ва ҳамон хобе, ки обиде Искандарро дида буд, ў низ дид. Онҳо нигарон буданд баромади хуршедро. Фалак домони сиёҳашро меғундошт. Андар қулла ду андоми сояравшан ба ҳам печида, оҳиста-оҳиста аён ва пурра мегашт. Олам мунаввар шуд аз тулўйи Офтоб...
...ва Барзин чашм кушода ду нафарро тори сар дид. Тозаву сапед пўшида буданд; ойинаву шона ва дукорда доштанд, инчунин сари дасти яке пироҳани ҳарири сапед буд зеботар аз куртайи тани Барзин.
«— Осойиш бар шумо, малика!»
Баробар фармуданд онҳо ва Барзини бофаросат аз саломи эшон рамуз гирифт ва биандешид, ки «малика» гуфтанашон чӣ маънӣ дорад. Чашмон бо мушт молида боло шуд ва узр пурсид, ки кори хуб нашуда, аз омадани онҳо ноогоҳ монда.
— Боке на, дар хидмататон ҳастем, малика...
Ва Барзин чеҳра дигар кард худро ба нодонӣ зада.
— На, хонумҳо, ман дар хидмати шумо ҳастам.
— Ҳолиё мо хидматгузорем, малика... вақти хидмати шумо низ хоҳад расид, он гоҳ гардан мапечед.
— Ҳаргиз, хонум, нобино кўрнамакӣ хоҳад кард... Лекин бойиси ташвиши шумо чӣ бувад?
Онҳо посух надоданд, балки ойинаву шона намуданд ва ишора бар он шуд, ки орову торояш бояд бидиҳанд. Барзин тааҷҷуб кард, ки пештар хонуме омада буд, дурусташ дирўз ва коре, ки шумо бояд бикунед, карда буд, боз чӣ зарурате афтода: «Магар зарурате ҳаст?»
Онҳо китфон дарҳам кашиданд ва фармуданд:
— Шояд.
Ва пардохтанд ба пиростану оростан: кўтоҳ карданд мўяшро ва ҷаъду зиреҳ намуданд, андохтанд бар дўшу сарсинаву тахтапушт, пўшонданд пироҳани ҳарири зеботар аз дўшина ва афшонданд атру анбару мушку гулоб... ончунон ки Барзин хешро дар ойина дида ошиқ шуд. Ва напурсид, ки ин ҳама аз баройи чист. Яқин кард, ки баъди омадшуди шоҳ Искандар хоҳише ё амре шуда.
Ва бурдандаш. Барзин зебову париваш буд. Касе чунонашро надида. Худи Барзин ду бор шавҳар карда, ки чунин набуда. Онҳо чизе нагуфтанд ва Барзин мерафту намедонист чӣ кор бикунад, чун равад ва бо кӣ чӣ одоб кунад. Ба базмгоҳ бурдандаш. Базмгоҳ пур аз одамони мўътабар буд: низомиён, ашрофзодагон, ромишгарону гетерҳойи нозанин ва дар атрофи давра баъзеҳо сархуш буданд ва даст бар осмон тир карда бо худ чизе мегуфтанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор