Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Оре, Барзин! Ҳоло, ки шумову шоҳи шумо бо чунин занҳо дучор наомада (шояд бо раққосаҳойи сабуксор сару кор дошта), занро аз гетерҳойи юнонӣ фарқ нахоҳад кард.
— Таҳқир накунед шоҳро!
— Таҳқир набувад, ситойиш бошад. Шумо, ки синнатон ба ҷое расида, бо гетерҳо коре надоред, ҳатто арғушту нозу карашмаашонро писанд накунед, вале писаронатон...
Барзин, ки бо модар даст ба даст буд, ба ишорайи суд надорад, дасти ўро пахш кард. Модар дигар чизе нагуфт, зеро хонадони онон ба гуфтаву фармудайи бону гўш медоданд, ки дар мулки Порс ва миёни сипоҳу сипаҳбадон Барзин ҳамчун зани бонуфуз дониста шуда буд ва зеботарин ва бофаросату азизтарин зани он замон ба шумор мерафт ва ҳатто овозайи ҳусни ў то ба Юнону лашкар расида буд ва сабаби бо тааҷҷуб «Барсин!?» гўён хитоб кардани сипаҳсолор аз ин рў бувад. Сипаҳсолор гуфту фаромўш кард ва намехост, ки ин овоза то ба гўши шоҳ расад. Зеро шоҳи ҷавон нагузорад, ки чунин ғизоли раъно моли дигаре бошад. Сипаҳсолор аз тамкин ва оромийи Барзин дар шигифт буд, косайи сабр шикаста, пурсид:
— Магар ин бону забон надорад?
— Забон дорад, аммо гуфта натавонад?
— Чаро?
— Зеро ин ҳама ҷангу пархошҳо ўро сияҳпўш кард ва ў рўзи хуш надида ва дашному нафрин кунад овардҳоро.
Ва сипаҳсолор ба Барзин рў овард:
— Бону, касе аз хушӣ набард накунад. Ҳатто сагон бесабаб ба ҳам дар наяфтанд. Чун порсҳо занони юнониро зиёд сияҳпўш карда буданд, подош бигиранд.
Якбора хомўшӣ ба миён омад. Модар ҳозир набуд ба чунин баҳс, ҳарчанд аз сўҳбатҳойи шавҳараш Ортабози порс бисёр чизҳоро медонист, вале Барзини омода ба баҳс суханро раво надид, танҳо зуд-зуд миҷа мезад ва ба танг омада буд.
— Шумо ҷангҳойи Дориюш ва Хишоёршоҳро дар назар доред?
— На фақат...
— Албатта огоҳ ҳастед, ки ҳоло танҳо шаҳрҳойи эллинийи Осиёйи Хурдро озод кардед. Пас Эллиния куҷову Осиёйи Хурд куҷо? Ва порсҳо низ ҷавоб гуфта будаанд ба забткориҳойи мақдуниён ва юнониён... Ё на?
— Ту ин ҳамаро аз куҷо донӣ, пирзан?
- Аз номи бузургтарин оташкадайи Зардуштӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор