Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Моро омўзондаанд ба одамшиносӣ ва оламдонӣ. Магар ин ҳама худ ба худ ба вуҷуд омада? Офаридгор наофарида оламу одамро?
— Сода ҳастед шумо! Магар худо ба ман шамшеру ба шумо пойи гурез бахшидааст?
— Агар чунин... боз ҳамаро бигирад. Эзиди пок ба касе «бикуш!» гўён шамшер надиҳад. Шамшерро касоне ба кор баранд, ки Ўро фаромўш кардаанд.
— Аз ҳарфҳоят маълум, ки ту зани юнонӣ ҳастӣ. Худоёни худро фаромўш кардайӣ ва эзиди ягонайи порсҳоро пазируфтайӣ.
— Худойи пок танҳо аз они порсҳо набувад. Ў баройи ҳама яктост.
— Муродат чист?
— Барзинро зўрӣ кор наёяд.
— Магар зери остин ханҷар дорад?
— На. Одамкушӣ кори мо набувад. Бикушӣ, бикушанд. Зўр ҳам бимирад, зор ҳам.
— Пас чӣ бояд?
— Раҳо бикун моро!
Сипаҳсолор сахт хандид... ва чизе ба хотираш зад, ки чеҳрааш дигаргун шуд, ҷиддӣ гашт ва гуфт:
— Магар гургон кучукро раҳо кунанд?
— Будааст, ки гургон на танҳо кучукҳоро, балки фарзанди одамро бузург карда, озодӣ бахшидаанд.
— Мо аз он беақлон нестем, ки кучукро бузург кунем, саг шавад ва ба галайи гургон дарафтад. Юнониён оҳанро дар гармиаш кўбанд.
— Аёнро чӣ ҳоҷати баён... Агар ин кор аз дасти сипаҳсолор наёяд, тақдири моро ба дасти шоҳ биспорад.
— Шояд... вале то омадани шоҳ рўзҳойи зиёд гузаранд. Дар ин муддат шуморо дастбанду побанд нигоҳ дошта натавонам.
— Бале, чунин рафтор хуб набошад. Хуб аст, агар моро раҳо бикунед. Ҳама симу зарамон рафта. Чизе ки бо худ дорем ангуштпона, дастпона ва зирайи гардан аст. Бигиреду раҳо кунед моро...
Сипаҳсолор боз хандид. Баландтар: «Сайёд ба гирифтани сайд шод аст, на ба хўрдани он».
— Лекин бояд донед, ки мурғакони ба дом афтода чӣ дилбозӣ доранд? Дилбозиашон баробар ба марг аст.
— Андарз гуфтан омадӣ, пирзан?!
— На! Гуфтам сабаби омаданамро.
— Чаро бону чизе нагўяд? – боз пурсид аз баҳси модар дилгир шуда.
— Гуфтам, ки забонаш гирад. Танҳо бо ишораҳо сухан гўяд.
Шумо забони гунгон ва мурғонро мефаҳмед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор