Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Бо чунин мулоҳаза сўҳбатро қатъ кард ва сўйи пардасарой рафт ва фармуд занро биоваранд ба саройи ў.
«— Бифармоед, бону!»
Чунин фармуданд сарбозон сўйи пардасаро ишора карда. Ў сар кашид. Зўран бурданӣ шуданд. Модар дод зад:
— Даст назанед ба ў!
Сарбозон ба фарёди ў гўш надоданд, балки бузургтаре фармуд:
— Бардоред ўро!
Модарро дар назар дошт гўянда, вале сарбозон ҳар дуро баробар бардоштанд. Якеро бурданд сўйи саро, дигареро ба гардуна.
Барзин даступо зад.
— Бигузоред, модарам ҳамроҳи ман ояд!
Он сў модари солхўрда низ дасту по зада, садо мекард, ки ўро ҳамроҳи духтараш баранд.
— Ба замин гузоред, худам равам!
Ба замин гузоштандаш. Барзин ба замин нишаст, ки хор шуд ва боз баъди нафаси дароз кашидан гуфт:
— Модарамро низ гузоред!
Ва модар низ бо сарбозон сахт гуфта ва фаҳмонда, ки духтар бе ў ҷое қадам нагузоштааст. Гузорандаш, бо Барзин равад. Хоҳиши ўро низ баҷо оварданд.
— Ба зан зўрӣ кардан раво набувад андар қаламрави Порс!
– сар ба пардасаро гуфт модар, то сипаҳсолор шунавад.
— Туро кӣ фармуд, ки биёйӣ? – пурсид сипаҳсолор.
— Ман модар ҳастам, дилам сўзад, синаам сих занад. Нагузорам, ки пеш аз ман фарзанд осеб бинад.
— Ба ў осебе нарасад, – пеш омада гуфт Пармониён ва муродаш он буд, ки гармситорайи кофармў зудтар аз наздаш биравад ва ў бо зебосанами сиёҳпеч гуфтугў бикунад ва огоҳ гарданд аз муроди зан. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ модар нахоҳад Барзинро танҳо гузоштан, магар зўрӣ.
— Агар Маликуррумро аён гардад, ки чунин зебосанамро озор диҳанд, чӣ шавад оқибати кор? – чунин гуфт модар, вале надонист, ки чаро гуфт? Баройи ҳимояйи хеш ва ё ишора карданӣ буд, ки Барзин шоҳро зебанда аст, на сипаҳсолорро. Аммо Пармониён ба маънийи ишорайи ў сарфаҳм нарафт ва фармуд:
— Малики румӣ ҳар гуна занону беваҳоро написандад, ба ў гетерҳойи соҳибҷамолу варзидайи юнонӣ хуш оянд.
— Барзин аз он шавҳарбохтагоне нест, ки шумо пиндоред...
— Барсин?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор