Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Духти ман аст.
— Ту кистӣ?
— Зани Ортабози Порс.
— Ортабози сипаҳсолор?
— Бале.
— Ба марги падар сияҳ пўшида?
— На! Ба марги бародарони ман, ки шавҳарони ў буданд.
— Чӣ гуна шавҳарон?
— Шавҳари аввалаш Ментор буд, бародари бузурги ман. Ўро куштанд. Бародараш Мемнони сипаҳсолор ўро гирифт. Мемнонро низ куштанд. Духтар сайиба бошад.
— Ва ту дигар бародар надорӣ? – киноя кард Пармониён.
— На!
— Пас, ҳар ки ўро гирад, раво бошад?
— На! Раво касеро бошад, ки бо ў баробар аст.
— Чӣ гуна баробар?
— Дар фаросат ва заковат ва дар ҳусн...
— Зебост?
Модар чизе нагуфт, балки дилаш ларзид. Зеро хабари бенишонийи Гулгунро шунида буд. Нўки забонаш меомад, ки гўяд: «Ў аз ду хун ба дунё омада – аз хуни порсӣ ва аз хуни юнонӣ», вале наметавонист, то ҳусни духтар бойиси бадбахтиаш нашавад.
Сипаҳсолор бодиққат аз назар гузаронд ўро, ки дар либоси сиёҳ низ чӣ хуш тобад. Ҳарчанд ҷуз чашмонаш бараҳнагие надошт, сиёҳиву зебоийи мардумакаш дарак аз олами ҳусн медод. Гўйӣ худованди ҳунар бо ҳазор андеша, ҳазор ақл, ҳазор дид, вале бо ду ранг – сиёҳу сапед ин санамро сохта. Рашк бар созандайи ў кард ва баъд шукр гузорид, ки ба дасти ў оварда. Танҳо чашмонаш, ки ба рўйи кас на, балки ба замин нигоҳ мекарданд ва бодомӣ буданд, мижгони дарозу баргашта доштанд ва ғизоли зеборо ёд меоварданд ва абрўйи камонаш, ки сиёҳтар аз чашму мижгон буд, кушанда метофт, мардсўз ва ошиқкуш буд. Дигар чизе аз ў шоён набуд. Сарпеч то сари абрў ва зери чашм фаро гирифта буд. Беқарор шуд сипаҳсолор. Дарёзид даст, то сарбанди печидаро кушояд.
Зан дасти ўро боздошт ва ангуштон аз зери остини сиёҳу дароз симгун тофтанд. Дастони нозук бо ангуштпона ва дастпонайи тилло ҷаҳони ҳусну малоҳат буд. Ангуштони пуррайи сапед, ки гўйӣ чину пайванду банд надоштанд, чӣ зане будани ўро аён мекарданд.
Чунон ки дар замин нарўйида ва дар Ҷануб назиста, пайваста бо ширу ангубин парварда. Дар гармойи Ҷануб чунин сапед мондан ҳам нишонайи хушийи рўзгори ўст. Пармониён як умр дар орзуйи чунин ҳусну малоҳат буд. Зеро дар афсонаҳо чунин сифатро зиёд шунида. Зане буд ба хироҷи мамлакат баробар. Сипаҳсолор бо ў чун бо асирае ё канизаке муомила карданӣ буд, аз пириаш шарм дошт. Ва аз муҳит изо кашид, ки зани бебок бошад, шармсораш кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор