Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хурд пиндошт, ки бифребадаш. Вақти банд будани шамшераш гардан бизанад. Гуфт:
— Ту бибур!
Бузург гуфт: «Бидор як палларо!»
Хурд гуфт; «Ту бидор як палларо!»
Бузург дошт ва фармуд! «Ҳар кас паллайи доштаашро бигирад.»
Хурд гуфт: «Чунон бошад» ва бибуррид.
Бузург паллаашро бардошт бар дўш ва болорў бирафт. Хурд фарёд зад:
— Он палларо ба ман бидеҳ! Ин палларо бигир!
Бузург бозистод ва фармуд: «Бошад!» Баргашт ва паллайи дигарро бардошт, чанде гом зад. Хурд садо баровард;
— Паллайи худатро бигир!
Бузург такрор кард: «Бошад!»
Ва он палларо дар нимароҳ бозгузошт ва омад, то ин палларо гирад. Ва дар бардору монҳо донист кадоме зар аст, кадоме сим.
Ва бор сари шона гузошту бирафт. Хурд боз ҳой-ҳой кард, вале Бузург гўш надода бирафт. Хурд низ паллайи нуқрадорро бар дўш бардошта, муқобили Бузург обкандро нишеб рафт.

БаНди ЧАҲОРУМ

Пармониёни сипаҳсолор дер гоҳ нигарон шуд ба роҳ, касе аз саворони фракӣ барнагашт, ки бар асари нори сапед рафта буданд. Хайма зад андар саҳройи Димишқ ва талояро фармуд сахт дидбонӣ кунанд, то корвони ғанимат бар ҷо бошад. Зеро андар набардҳо сипаҳсолор макрҳойи зиёд дида ва набинад дигар. Чунин ғанимати зиёдро, ки ҳама қарзҳойи Мақдуниёро пардозад осон аз даст додан касро шак меорад. Пармониён саҳройи фарохро авло донист аз рафтан ба ҷойи ноошно... Борҳо аз пушти бораҳо канданд. Уштурони сурхмўву хокирангро маҳорҳо ба ҳам бастанд ва ҷониби саҳро раҳояшон карданд, то шутурхор бихўранд.
Асбони порсиро сайисони хоса нигаҳдор буданд. Ғаниматҳо ба пардасаройи сипаҳсолор бурданд. Асирон миёни сипоҳ буданд.
Занону тифлон аз гардунаҳо фароварданд. Миёни онон зану фарзандони амирулбаҳри Порс Фарнабоз ва аҳлу аёли ашрофу акобир зиёд буданд. Зане печида буд худро ба дебойи зиёд ва сияҳпўш буд. Дар сар низ сиёҳ баста. Чашмони шаҳлояш ҷигарсўз ва тезу ҷонгудоз метофт.
Сиҳиқомат, хушхиром ва ботамкин буд. Сипаҳсолор таваҷҷўҳ кард:
— Кист он зан?
Аввал касе посух нагуфт. Чун сипаҳсолор сахт ва ҷиддӣ пурсид, солхўрдазане пеш омад:

пешина
аз 390
навбатӣ