Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман фара надорам, ту бихез! – аз бозиҳойи Бузург хавферо пай бурда фармуд Хурд.
— Агар зўру фара надорӣ, чӣ гуна хўрҷин бардорӣ?
— Агар хўрҷин моли ман аст, худованд нерў бахшад.
Бузург чизе нагуфт, балки ҳарф ўро андешид, ки бо гумонҳойи худаш ҳамсанг меояд. Ва тоқат накарда сахт гуфт; «Бихез, бубин!»
— Чаро ту нахезиву ман хезам?!
— Ту хурдтарӣ!
— Пас хурд бояд камтар зар бигирад?
— На, баробар.
— Чӣ гуна?!
— Паллае аз ман, паллае аз ту!
— «Паллае аз ман, паллае аз ту», – тўтивор такрор кард Хурд ва аз дил гузаронд, ки дар паллаҳо чӣ бошад? – Паллаҳо баробаранд?
— Мебинам, ки даҳондўзанд ва баробар! – гуфт Бузург ва ёд овард, ки вақти норро чаппа гардонда аз кўҳонаш гирифтани хўрҷин паллае вазнинтар буд. Вале ҳоло надонад, ки кадоме буд.
Аз ин рў зиёд хоҳад, ки Хурд аз лаби бора сар бароварда бинад, саворе ояд ё на:
— Ку, бубин!
— Хеста натавонам!
— Хеста натавоонӣ?
— Ҳо...
Ва Бузург қасдан хест. Баромад сари бора, нигарист дуродурро. Касеро надид. Пас фаромад. Хўрҷинро ба китф бардоштанӣ шуд, натавонист. Нишаст. Хўрҷин бар китфи рост бор кард ва хост бардошта хезад.
Ҳариф ҷаҳид ва аз паллайи хўрҷин дошт: «Чӣ кунӣ?»
— Ту, ки мадору зўр надоштӣ, чӣ гуна ҷаҳидӣ?
— Магар надонӣ, ки зар кўрҳоро бино, гунгҳоро гўё, карҳоро шунаво, мафлуҷҳоро чоло кунад.
— Донистам, – гуфт Бузург. Хўрҷин аз китф бозмонд. Ва шамшер қабза кард, аз наём кашид. Хурд низ шамшер аз ғилоф кашид. Бузург хандид:
— Чӣ кунӣ?
— Он чӣ ту кунӣ!
— Ман хўрҷин дарам.
— Ман низ...
— Ку бидар!
Хурд дўхтайи палла канданӣ шуд. Бузург гуфт:
— На! Ин зайл на!... Аз миёни паллаҳо бибур! Яке туро, яке маро...

пешина
аз 390
навбатӣ