Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Вале дер шуда буд, акнун ба шоҳ чунин ҳарфҳо ва нозҳо намефорид. Чизе нагуфт. Гетер дарёфт, ки ҳоҷати сухан нест, ҳалқайи пой кушод. Искандар ба пушт зад ва ба хаёл рафт; нақшаҳойи фардоро андеша дошт: ҷашни пирўзӣ, қурбонӣ ва шаҳрсозиро...
БаНди ДУВВУМ
Искандар баъди он ки андар баҳри Кабир ғусл кард, фармуд дар камари кўҳи Омун, ки шаборўз ба он ҷо бархўрдани амвоҷи дарё мушоҳида мешавад ва шалпааш аз шахҳо бармеояд, қурбонгоҳ бисозанд. Андар ҳамворийи талмонанд, ки тухми пиёзи анзур рехта, наррагийи хушкаш боқӣ монда буд, сарбозон омаданд баройи тозаву тахт кардани ҷой. Дар паҳлўйи харсанги азим тахтасанги сапеди гирду ҳамвор, ки моҳи пуррайи тирарангро мемонд, воқеъ буд ва Искандар вақти аз роҳ убур карданаш ҳамин ҷойро зери назар дошт, ки пирўз гардад, қурбонгоҳ хоҳад кард. Ҳама ҳунармандон ва махдумҳо ва қассобон ва сипаҳсолору сипаҳбаду сипоҳон ба кўҳ часпиданд. Канданду рўфтанду об заданду тамиз карданд чу идгоҳ. Биоварданд қурбониёнро – говони ғаниматиро. Чун говон расиданд ба қурбонгоҳ магар аз равони якдигар бў гирифтанд, ки бонг заданд ва гўйӣ ҳазрати Сулаймонро талаб мекарданд ба имдод. Вале худовандон аз пайғамбарон бузургтаранд ва бонги ҷонварон натавонад гирифтан пеши қурбониро.
Гови сиёҳро афканданд бар тобасанги сапед ва сараш гирифтанд. Санги сапед хунин шуд, гўйӣ рўйи моҳ доғдор. Хун ҷўя баст то зер ва ба назар чунин буд, ки рехт ба дарё. Бақари сиёҳ по зад ва пойи ёвари қассобро шикаст. «Низ қурбонӣ!» ҳазл кард сарҳанге, ки нишаста сукут варзида буд рўйи санге ва аз гарангийи ёвари қассоб ҳушёр гашт. Ва ёвар хашм гирифту дашном дод чунин қурбонирову чунон сарҳангро. Қассоб сўяш теғ кашид: «Беҳуда поятро лагати бақар нашикаста!»
Ва қатор буданд қурбониҳо. Ба номи худовандони юнонӣ, ба номи қаҳрамонону ялони афсонавӣ. Миёни сутунҳойи нав устувор карда, миёни харсангҳойи азим махдумони аз кўҳ ҳезумоварда оташ афрўхтанд, то қурбониҳойи пўсткандаро сихҳойи азим гузаронида бор бар алов кунанд. Сихҳойи дарозро устувор карданд бар пояҳо ва харсангҳо ва тоб медоданд бар оташ.
«Ба номи худовандоне, ки моро пирўзӣ бахшиданд!» садо кард войизе ва ҳама ба як овоз такрор карданд. Ва войиз боз гуфт:
«Ба номи худойи Зевс!»
«Ба номи Геракл!»
«Ба номи Ахилл!»
Ва такрор карданд баробар:
«Ба номи худойи Зевс!»
«Ба номи Геракл!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор