Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ба номи Ахилл!»
Ва давр мегардонданд сихҳойи гаронвазнро ва говон ва гўспандони кабуд кабоб мешуданд андар оташ. Пасон бо теғҳо, кордҳо ва шамшерҳо меканданд лахт-лахт гургона, мебуриданд даст-дасту по-пову қабурға-қабурға қассобона, мехўрданду мебурданд дуздона. Баъд бақари сиёҳи рўйи тобайи сапед забҳу салх кардаро хомталош фармуданд: якбора дарафтиданд, то лахт-лахту порапора кананд, нашуд, пасон қассоб бурида-бурида, ҷудо карда ба ҳар кас бахшид гўшти хомро, ки ба ёди қурбоншудагони ҷанги дўшина буд.
Ва Искандар аз баландӣ менигарист ба дарё ва дар даст як дона матори газида дошт, ки бадбўй буду хушхўр. Менигарист сўйи баҳри тоза, нилӣ ва мусаффо. Офтоби муғарриқ гўйӣ даруни об месўзад. Шоҳ гумон дорад, шоҳдухтар он ҷост, аз ин рў даруни баҳр ин қадар мунаввар аст. Бибояд Гулгун барояд аз он ҷо. Искандар ҳеҷ гоҳ чунин равшан ва мусаффо ва банур надида баҳрҳоро. Ё кори худойи Зевс аст ё Гулгун он ҷост.
Хуш омад қурбонгоҳ Искандарро ва тасмим гирифт, ки базми пирўзиро низ ин ҷо гузаронад. Чӣ буд? Магар шоҳро ҷунуни ҷавонӣ гирифта буд, ки чунин кард, вагарна медонист: қурбонгоҳ ҷойи гўз нест. Қурбонгоҳ ҷойи муқаддас бояд бошад. Вале шояд аз он ки ин қурбонгоҳро худашон фаврӣ сохтанд, ба базмгоҳ бадал карданаш ҳам дар дасти худашон бошад. Қолиҳойи порсӣ густурданд анзурзорро, дебойи чинийи ғаниматафтодаро кашиданд ва ҳар санг то харсанг. Хумҳойи майи юнонӣ оварданд ва сипоҳ ғунҷид рўйи қолиҳо ва сари сангҳо ва гетерҳо бараҳнапо шуданд рўйи қолиҳойи нарм.
Искандар рўйи тахтасанги сапед, ки шаҳнишинро мемонд ва фармуда хоку хунашро тоза карда буд, бар гилеми хунранги хушпат менишаст ва ёдаш зад, ки чизе нарасад ба фарру шукўҳи ў.
Эвмени хазинадорро пеш хонд ва пурсид, ки чӣ карда бо сандуқу ҷомаву тоҷи порсийи шоҳӣ.
«Чун фармудед, фиристодам, шоҳ... бо корвон ва фавҷи озмудайи боэътимод...» – посух дод хазинасолор ва дарёфт, ки хуш наомада Искандарро.
— Шитоб кардайӣ...
— Шитоб не, шоҳам, балки фармудайи шуморо фаврӣ иҷро кардам...
Ва Искандар имойи сар кард ва Эвмен пас-пас рафт. Вале ў бисёр мехост тоҷи шоҳӣ гузорад бар сар дар чунин маъвою макони зебо ва ҷомайи фохира гирад ба бар. Чун корвон рафта буд, наметавонист бикунад ин корро. Бимонд бо ҷомайи ҷангӣ, хўду ҷавшану камарбанду сойидпўшу соқпўшҳойи рўйин. Тойис рўҳашро сабук карда буд, аммо пеши назараш меомад, ки ана-ана Гулгун аз қаъри дарё мебарояд ва он ҷойи баҳри Бузург, ки офтобист, гулосо мешукуфад.

пешина
аз 390
навбатӣ