Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Ҳарф назанам...
— Нагузорад, ки гетер бошӣ...
— Рақс накунам...
— Нагузорад, ки ҳамроҳаш бигардӣ...
— Ҳамроҳаш нагардам...
— Бисёр хуб... Туро имшаб зан кунам, фардо ба Мақдуниё фиристам, то бозгашти маро нигарон бошӣ.
— На!
— Пас маъшуқа хубтар аст ё зан будан?
— Лаънат ба ҳар ду... лекин ту бигўй, ки кадоме афзалӣ дорад?
— Гумон кунам, ки маъшуқа будан.
— Чаро?
— Он чӣ бо маҳбуба бикунӣ, бо зан накунӣ.
— Агар зан маъшуқа бошад?
— Надидаам, нашунидаам... Ҳамин қадарашро донам, ки зани зебо маъшуқайи дигаре шавад, ҳатто парирўе ёри дев ҷўяд.
— Аз куҷо донӣ чунинҳоро?
— Зани зебо шайтони зиёд дорад ва душмани бисёр. Шайтону душман як шаванд, роҳи раҳойӣ намонад.
Аз пургўйиҳойи беҳуда дилгир шуд Искандар ва беихтиёр ҷавсакҳойи пироҳани гетерро кушод. Тойис ҳамин лаҳзаро нигарон буд, ки шоҳ меҳрубон ва навозишкор мешуд. Дастонаш мепалмосид танашро, ангуштонаш ламс мекард чочакҳояшро, баъд сари чочакҳоро бо нўки забон сойиш медод, гетерро ба ваҷд меовард... Ҳолиё ба ваҷд омада Тойис ва морона тоб хўрад зери ял ва пой бар пойи ў печад. Ёди Искандар ояд он аждари нўҳсар, ки дум бар пойҳойи Геракл печида, ўро аз пой афкандан мехост.
Вале пичирроси духтар хаёлашро пароканд:
— Бигўй, ки дўстат дорам.
— Ин чизро гуфтан шарт нест, Тойис, аз муносибатҳо, ҳаракатҳо ва хостанҳо дарку эҳсос кардан лозим.
— На-а-а... бигўй... бигўй... биииигўўўййй... бибибигўўўўййй...
— Анаа-аана... гуфтам, эҳсос мекунӣ, ки гуфтам... гуфтам, гуфтам, гуфтааааам!
Тойис пойҳояшро бар камари Искандар ҳалқа андохт ва ўро кашид ҷафстар. Пойҳояш мелағзид дар тани хайкардайи шоҳ. Як қатра арақ чакид миёни синаҳойи симини раққосайи соҳибҷамол ва гўйӣ дами ўро паст кард, чунон ки ба шири дамида оби сард рехта бошанд. Бофтаҳойи сари Искандар низ кушода шуд, фикраш равшан гашт, худро паҳлў андохт, вале гетер ҳанўз ҳам ҳалқайи пой накушода буд.
— Раҳо нахоҳам кард, ту гурезпо шудайӣ, Искандар!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор