Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Чунин ҳарфҳо нест, Александр!
— Падарат фармуд?
— На! Ту бояд донӣ, ки Онаниюси тоҷир туро аз модарат ҳам зиёдтар дўст дорад.
— На, касе маро монанди модарам Олимпиада дўст надорад...
На. Ў низ дўст медошт ва ҳамин ки ҳарфашро напазируфтам ва ҷанги Порс рафтам, маро фаромўш кард...
— Дигар касро дўст дошт... Ҳамин тавр на?
— Инашро надонам. Киро?
— Онаниюсро!
— Онаниюси падари туро?
— Оре! Агар чунин набуд, падари ман мемурду розӣ намешуд, ки духтари яккаву ягонааш ҳамроҳи шоҳ ба ҷанги Порс биравад.
Искандар хомўш монд ва андеша кард, ки ин хуб аст, вале таъна мезанад духтар. Тойис низ хомўш буд ва мунтазир, ки шоҳ чӣ гўяд. Шояд ба иззати шоҳиаш расида бошад чунин ошкоргўйӣ.
— Як бори дигар ҳам гуфта будӣ, аммо ман бовар накардам, гумон кардам баройи наздикиамон чунинҳо гўйӣ. Чун такрор мекунӣ, шубҳаовар метобад.
— Шубҳаовар? Чӣ хел шубҳаовар?
— Модом ки туро ба модари ман иваз карда бошад, таки коса нимкосае ҳаст.
— Нимкоса надорад, Александр. Чунон ки донӣ, Онаниюси тоҷир ҳама чизро дорад, вале Олимпиада барин зан надорад. Ба Олимпиада на танҳо мардон, занон низ ҳавас мекунанд. Ҳатто ман...
— Ту? Чаро? Ту зеботарин гетер...
— Бале, гетер, на шоҳбону...
Искандар ҳадафи Тойисро пай бурд: «мехоҳад зани шоҳ бошад.
Ва шояд ҳадафу мақсади асосӣ ҳамин бошад».
— Хоҳӣ малика бошӣ?
— Кадом зан ин чизро орзу накунад?
— Масалан ман зан мебудам, орзу намекардам, аз заҳрҳойи чашидайи модарам ҳама чизро донистам. Вале ман ба ту маслиҳат намедиҳам, ки зани шоҳ бошӣ.
— Чаро?
— Зеро аз ҳама чиз маҳрум гардӣ: ҳам аз озодӣ, ҳам аз гетерӣ ва ҳам аз Александр.
— Чӣ тавр?
— Албатта ту хоҳӣ, ки зани шоҳи Мақдуниё бошӣ, ҳамин тавр на?
— Ҳамин тавр, Александр.
— Пас Александр туро, ки ба занӣ гирифт, нагузорад бо марде ҳарф занӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор