Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Мақдуниёро ёд накардӣ, Александр? – аз дари дигар ворид гаштанӣ шуд Тойис.
— Модарамро ёд кардам, – андешаҳояшро як сў гузошта посух дод шоҳ.
— Ман падарамро ёд кардам, падари бо ору номусамро...
— Яъне чӣ?
— Ў хост баройи пойдорийи Юнон охирин тангаҳояшро сарф кунад, чунин диловаре пайдо нашуд, назди ту омад.
— Ва охирин тангаҳояшро сарф кард? – Искандар мехост мафҳуми «нангу номус» ва «баройи пойдорийи Юнон»-ро аз ў бипурсад, вале ба забонаш «охирин тангаҳо» омад.
— На.
— Пас ў ҳанўз ҳам дорост?
— Оре! Ў мехост домоде пайдо шавад ба мисли Искандар ва ҳама доройиашро ба ў бахшад, то маро ва ўро дошта бошад.
Афсўс, маро ҳам гум кард. Зеро ман дунёйиро на, туро пазируфтам. Медонистам, ки назарат баланд аст ва он хел тангаҳоро написандӣ.
— Магар ту гаронтар нестӣ аз он чӣ, ки Онаниюс дорад?
— Ба назари ту чунин намояд.
— Ба назарам на, ҳақиқат чунин аст.
— Пас чаро маро паст занӣ?
— Чун?
— Ба ҳар зани тасодуфӣ иваз бикунӣ?
— Боз гаштӣ ба сари шоҳдухтар. Магар надонӣ, ки чӣ шуд бо ў?
— Донам!
— Агар донӣ, боз чаро пурсӣ?
— Бало ба пасаш... оҳҳҳ... агар ту донӣ, ки ман чӣ қадар падарамро ёд кардам, Александр...
— Ва ту ҳам донӣ, ки чӣ қадар модари зебоямро пазмон шудам...
— Пас чаро аз роҳат бознагардӣ?
— Аз кадом роҳам?
— Аз ҳамин роҳе, ки меравӣ... Агар баргардӣ ва шоҳи Мақдуниё бошӣ, хуб нест?
— На! Мақдуниё баройи ман танг аст! Ман бояд оламгир бошам!
— Ва донӣ, ки комёб шавӣ?
— Оре! Агар мунаҷҷимон ва муъаббирон дурўғ нагўянд, Александр бояд оламгир шавад!
— Ин кори саҳл нест, Александр.
— Медонам, ки кори саҳл нест, лекин худоёни юнонӣ бо мананд, ту бо манӣ, далерону диловарон бо мананд... ва ё ту ҳамроҳи ман омадӣ, ки маро бозгардонӣ? Кӣ фармуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор