Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баройи бо маликуррум баҳс карданаш ва кинояҳо гуфтанаш дандон ба ҳам фишурд, ки чун Искандари овозадор ба қатлу ғорат ўро осуда гузорад. Дергоҳ сар набардошт бону. Талаб аз худованд дошт, ки ҳардуро санг гардонад, то мубтало ба шиканҷа нагарданд. Ғами худро кам мехўрд бону, аммо медонист, ки Ардашерро азоб диҳанд. Ў бисёр афсонаҳоро медонад, ки душмани пирўз баройи аз тухмайи адў нишоне намондан нахуст наринаҳойи гаҳворахуспро нобуд созад, то рўзе бузург гашта чун гург ба рама дарнаафтанд. Аз ин хусус мулоҳиза дорад Гулгун ва натавонад бародарро раҳо кунад ва сар бардорад...
— Александр, маро пурсида будӣ? – сарраммол аз дурўдароз хомўш мондани онҳо истифода бурда пурсид.
— Оре, Аристандр, баройи ояндайи ин кўдакро муайян кардан пурсида будам, вале худам дарёфтам, ҳоҷати пешгўийи ту нест.
Як қад парид Гулгун, ки чӣ гуна бувад ояндайи бародараш.
Оҳиста Ардашерро аз банди дилаш дур кард ва баргашта ба Искандар нигарист, вале дар ҳавойи хира шоҳи макдунӣ надид, ки чӣ нафратбор аст нигоҳаш. «Нобуд мекунад бародари маро... Худоё, касе намонад аз дудмони Ҳахоманишиён... То ин дам худиҳо пайбур буданд, акнун бегонагон тухма сўзанд».
— Чӣ гуна бувад қисмати Ардашер, шоҳзода?
— Аз ҳамайи шоҳони ҳахоманишӣ дертар бимирад...
Гулгун ба андеша рафт, ки чаро маликуррум аз мурдан ҳарф зад, на аз зистан. Ва ба хаёл рафт, ки агар падараш зинда бошад, бо бародараш ду нафар зинда монда аз наринаҳо, ки шаҷарайи шоҳӣ дуруст кунанд ва аслан шаҷарайи наринайи шоҳигарийи ҳахоманишиҳо то Дориюши аввал буд. Дориюш писараммайи Куруши Кабир буда. Ва ҳоло кас надонад, ки насаби Доройи III ба куҷо расад. Чун шоҳи давлати бузурги Ҳахоманишиён аст, ҳалқайи он силсила донанд.
Гулгун бархост. Биангорид, ки дар замони салтанати Доро зиндагӣ дорад, аз дасти Ардашер бигирифт, то биравад.
— Дўсташ дорӣ? – пурсид Искандар. Гулгун нашунида ангошт.
— Ҳаваси баҳр доштӣ, бону!
Гулгун эътиборе надод.
— Обтанӣ шоҳро мамнўъ аст! – бо хитоб пеш омад табиб Филипп, вале Искандар ўро ба пушти дасти чап тела дод.
— Бигиредаш!
Садойи баланду омиронайи Искандар Гулгунро аз гомзанӣ боздошт. Рў гардонд ва ба ў гуфт:
— Ман обтанӣ равам, шоҳзода, на бародари ман.
— Бародарашро бигиред, ў бо ман меравад!
— Паймони мо чунин набуд, шоҳзода!

пешина
аз 390
навбатӣ