Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Шоҳ бигўй, бону. Искандар дигар шоҳ аст! – фармуд афсаре, ки Ардашерро медошт.
— Мусаллам аст: шоҳ. Вале ту раҳо бикун Ардашерро!
— Ман амрбардорам, бону. Ҳар чӣ шоҳ фармояд, он бикунам.
— Мо паймон кардем, шоҳ Искандар!
— Оре, паймон буд, аммо паймоншиканӣ набуд. Бону, ки ба ҳарфи мо гўш надода равад, чӣ гуна бувад?
— Бону ҷое нарафта. Мехоҳад Ардашер ба модар супорад, пасон бо шоҳ биравад! – чун танг омадани вазъро донист, сипоҳигарӣ кард Гулгун.
— Бигзор чунин бошад! – ҷавонмардӣ кард Искандар ва ба афсар фармуд то хайма гусел кунад кўдакро.
— Ай шоҳи накўкор, модар парешон шавад, иҷозат фармо, ман бубарам!
Искандар баланд хандид. Гуфтанӣ буд: «Аҷаб содаанд порсҳо; гўё шоҳи Порс занони мақдуниро асир мегирифт, чунин рафтор мекард». Вале чун бо хандайи баланд захмаш сих зад, натавонист ин ҳарфро гўяд, баракс ханда ба хашм гардонд ва садо дардод:
— Барандаш!
Ва бурданд кўдакро. Гулгун ҳамроҳи Искандар сўйи дарё мерафт ва ҳазору як хаёл дошт, ки чӣ гуна макру ҳияли боҳуйӣ ба кор бояд бурд. Ва чун донист, ки Искандар ёвари ғайбдону пешгў дорад, андешаҳо ба бозӣ гардонд: тохт, то Искандар аз паси ў тозад. Вале Искандар банд буд ба хаёли хеш. Чун бозийи шоҳдухтарро монанд ба бозийи чорпоён кард, муҳаббат номид.
Ҳайвонҳо низ меҳрубонӣ доранд: ҳамдигарро мебўянд, мебўсанд, мелесанд, қад ба қад мешаванд... Шавад, ки модина худ бозиро сар кунад, наринаро аз пасаш барад ва боз ёдаш омад, ки модина ҳар наринаро роҳ надиҳад... Шоҳдухт низ бозӣ хоҳад... Ҳо-о-о...
бозиҳойи баччайи Одам мураккаб.
Гулгун рўйи реги тари соҳил тохту тохт, дур рафт ва пинҳон шуд. Дар паси хорбуттайи газ ҷой гирифт ва аз байни шохаҳо менигарист, ки Искандар чӣ гуна бепарво ва дилу бедилон меояд. Ў бозистод. Гулгун дарёфт хавф кашидани ўро, вале бурун наомад.
— Бону!
Садойи паст дардод Искандар ва ба паҳлў нигарист: Садое набуд. Искандар боз такрор кард: «Бону!» Хомўшӣ буд. Дарё садо дошт. Мавҷҳо ҳуҷум доштанд ба соҳил. Кўҳаҳойи мавҷ паси ҳам бурданд. Яке орому хомўш гашт баҳр. Аз ҳаракоти зиёд хаста гашта фароғат карданӣ буд. Моҳ тобид андаруни баҳр – равшан, банур. Искандар ба осмон нигаристу ба баҳр, як чизро бидид.
Гулгун пай бурд тамошойи Искандарро, ўро низ хуш омада буд манзара. Шоҳдухтар буд, шоҳзан буд, аз Ҳангаматон то ин ҷо расид, вале чунин манзараро бори аввал мебинад, шояд аз ин рў бошад, ки маликуррум ҳамроҳи ўст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор