Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Гулгун посух надод, балки аз курсийи сафарӣ бархост ва ранг аз рўяш парид дар они воҳид.
— Гумон надоштам, ки шоҳзода чунин беадабанд.
— Шоҳзода бо бону боадабона рафтор карда. Вагарна кайҳо метавонист душмандухтро ҳукме фармояд.
— Агар ҳукме фармояд, хубтар аст аз он ки дуруштӣ бикунад.
— На, дуруштӣ на, нозест бо бону. Агар бону ғойибан ошиқанд, Искандар ҳозиран ошиқ гашта.
Инро гуфт ва пеш рафт. Гулгун ду даст пеш ёзид, то наёяд. Зеро ин гурги гуруснайи биёбонгард ба ў дарафтида хомохом хўрадаш.
Вале Искандар оғўш боз накард, балки даст ёзид, то гесўвони ўро ба баҳонайи ҳамвор кардан сила намояд.
— Даст маёзед, шоҳзода. Шумо одати духтарони Шарқро надонед.
— Чӣ гуна бувад?
— Духтарони Шарқ пеш аз он ки тан ба касе бахшанд, шартҳо гузоранд.
— Бону бифармоянд!
— Якум: шоҳ Доро бояд зинда монад, дуввум: ба хонадони ў осебе нарасад; саввум: ободон хароб нагардад ва меъмориҳойи шарқӣ аз байн наравад ва ҳоказо.
— Мусаллам аст. Шоҳ Доро зинда, ба хонадони ў осебе нарасида, ободон барҷо, меъмориҳойи шарқӣ аз байн нарафта... Боз чӣ шарт ҳаст?
— Дилам ҳавойи баҳр хоҳад.
— Танҳо?
— На. Бо шоҳзода.
Искандар низ ин шартро иҷро карданӣ шуд. Баромад аз пардасаро. Дар берун Филиппи табиб ўро нигарон буд. Аристандри раммол низ ва бародари кўчаки бону Ардашер аз дасти сарбоз дошта мегирист. Гулгун ҳоли ў бидид, зону зад наздаш ва пурсид:
— Чӣ шуд?
— Чаро маро танҳо гузоштӣ?
— Танҳо нагузоштам, балки баройи раҳойиат ин корро кардам. Озор доданд?
— На.
Гулгун баҳона меҷуст, ки кўдак озор доданд бигўяд ва ў ба Искандар рў оварад, ки шарт вайрон шуд. Аммо Ардашер рост мегуфт, ки озоре надодаанд.
— Ҳамроҳи мо меравӣ ба дарё?
— На, маро раҳо кунанд, назди модар биравам.
Гиря гулўгир кард Гулгунро. Бародари кўчак ба банди дил пахш карда ба андеша рафт ва худ ба худ шукргузорӣ намуд, ки ҳоло зинда ҳастанд. Душманӣ ва ҷангу ҷидол кори саҳл нест ва чунин нозҳоро набардорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор