Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На. Бозӣ бо худи шер дорам. Фаромўш накун, ки тақдирҷунбон ман ҳастам туро. Вале ту аз шоҳ миннатдор. Бубин, то минбаъд ҳолат чӣ шавад.
— То замоне ки Файлақус шоҳ ҳаст, хоре нахалад ба пойи ман...
— Н-а-а-а, то замоне ки Олимпиада ҳаст... Баъди сари ман офтоб нахандад ба рўят. Ту аз турфайи хомхаёлон будайӣ. Андеша кардӣ, ки баъди сари Файлақус чӣ шавад дар олам? Магар Аттал ба ту амон диҳад?
— Аттал чӣ дахл дорад ба кори мо?
— Аттал шоҳ шуданист.
— Чӣ гуна?
— Ҳоло дар хобӣ, чун бедор шудӣ, хоҳӣ фахмид, чӣ гуна.
Ишва кард Олимпиада, ки ба рў гардонидан аз бародарро мемонд. Вале ин ҳарфро қарзи хеш донист, то бигўяд:
— Фаромўш кардӣ, ки амми зойидаву ҳамхунат бо ту чӣ кор кард? А! Фаромўш кардӣ?
— На! Он чизе нест, ки фаромўш шавад.
— Бале! Акнун тасаввур бикун, ки ба дасти душмани хеш биафтӣ, ҳолат чӣ шавад.
Ба андеша рафт шоҳи Эпир. Гўё чизеро дарёфту дарнаёфт.
Олимпиада чӣ муроде дорад, ки равшану рўйирост гуфта наметавонад: – Чӣ хоҳӣ? Аз дасти ман гирифтанӣ ҳастӣ шоҳиро?
— На! Ту бародарӣ ман ҳастӣ, туро зебанда шоҳӣ... Вале набояд фаромўш кунӣ, ки хуни қаҳрамон Ахилл ҳаст дар вуҷуди ту. Агар ту ба ҷанг даройӣ, олиҳа Афина-Паллада ҷонибдори ту хоҳад шуд, чунон ки ҷонибдори Ахилл буд.
— Баъд чӣ шуд Ахилли ту? Магар тири Парснис синайи ўро нашикофт? Магар худоён набуданд, ки ўро нобуд сохтанд? Чӣ хоҳӣ аз ман?
— Мехоҳам лашкар кашӣ зидди Файлақус. Кўмак бикунӣ ба хоҳарзодаат Искандар!
— Чашмдор мабош!
— Ва эълон бикун, ки аз хуни Ахилл найӣ!!! — Хашм гирифт Олимпиада. Сурх гашт, кабуд гашт, рўй тофт ва бирафт. Ва дами дар бозистода рў овард ба бародараш Александр:
— Агар ҷавҳари мардӣ надорӣ, ман бикунам ин корро!
Александр битохт бар асари ў. Сахт аз бозуяш дошт ва пас кашид:
— Ман бародари ту... Фаромўш накун, ки Файлақус шавҳари ту ва Искандар писари шумо...
— Файлақус шавҳари ман буд...
— Магар Искандар туро азиз нест?
— Агар азиз набуд, ман ба чунин пастӣ нарафтаме... Баройи ў кунам ин ҳама корро, чунон ки баройи ту кардам.

пешина
аз 390
навбатӣ