Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Магар ту дарк накардӣ? – Ҳам посух буду ҳам пурс ҳарфи ў ва чандон майли сухан кардан надошт. – Аттал туро дур андохтанӣ буд, то меросхўри шоҳ набошӣ...
— На, он ки мегуфт: «Худо ба шоҳ Файлақус фарзанде ҳалолу қонунӣ ато бикунад».
— Ҳммм... сахт расид туро? Ту алҳол дўсту душман фарқ накунӣ, писар. Аттал душмани падари туст. Ҳоло ки духтарбародари хешро ба шоҳ дода, хаёл дорад, ки туро аз ворисӣ дур андозад.
Чун аз Клеопатр фарзанд шавад, Файлақус пир гардад, инони давлатдорӣ ба дасти ин сипаҳбад афтад. Чун аз дасти кўдак давлатдорӣ наояд, Аттал ба ҷойи ў давлат идора кунад ва шоҳ шавад, чунон ки падари ту...
— Чун? – ҳайрон пурсид писар.
— Магар надонӣ, ки падари ту ба ҷойи шоҳзодайи хурдсол Аминта шоҳ шуда?
— Донам, модар. Мақсад ин набувад... Бигўй, ки чаро туро бадном кунанд?
— Онҳо маро бадном накунанд, Искандар. Онҳо аз ман тарсанд, чунон ки аз модашери ба хашм омада.
Искандар сар андохт. Андеша дошт дар боби падару Аттал ва модар, ки чӣ касонанд онон. Ҷуз кина дар ботин чизе надоранд ва чаро ғайри ҷангу ҷидол, хунрезӣ, куштор, зўрнамойӣ дар олам коре накунанд. Афсонаҳо пур аз куштору сўхтор, достонҳо пур аз хунрезӣ, замин сурх мешавад, рўд рангин аз хун. Сер наянд кинаварон, қонеъ наянд қотилон. Арасту бузургтарин инсон аст, ки зебойӣ парастад, офаридгору офаринишро донад, ба маънийи олам сарфаҳм равад, неку бадро фарқ кунад. Файлақусу Аттал огоҳ нестанд магар аз чунин чизҳо, дар базм ҳам хунрезӣ кунанд.
— Чӣ андеша кардӣ, Искандар?
— Ман бояд биравам.
— Куҷо?
— Ба Иллирия.
— Чаро ба Иллирия?
— Гумон мекунам, ки танҳо Иллирия ба дарди ман хў-рад.
Олимпиада баъди рафтани Искандар ҷой намеёфт биншинад.
Кинаву буғз дилу ҷигари ўро мехўрд. Гумон дошт агар ин боди сурх аз ботинаш наравад, яқин аст бихўрад дилу ҷигарашро. Бародарро ҳарф фаҳмонида наметавонист. Шояд бародар метарсид аз Файлақус, ки ў гузошта будаш шоҳи Эпир, на хоҳар. Мўҳру чак дар дасти Файлақус аст ва ў метавонад ҳар лаҳза аз сари ҳокимият дур андозадаш.
— Яъне, ту бародар, маро дастгирӣ нахоҳӣ кард?
— Чун дастгирӣ кунам, ки хом бувад андешаат? Магар бо думи шер бозӣ надорӣ?

пешина
аз 390
навбатӣ