Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба назари ў чизе ё касе муқаддас набувад ҷуз Олимпиада. Ҳама чиз касиф метобад ва олуда ба бадӣ. Шоҳон, сипаҳсолорон, сипаҳбадон фарқ намекунанд ҳарому ҳалолро, чӣ монад ба мардум. Искандар дандон месойид чу шағоли ба хашм омада. Падарро, Атталро ва ҳар каси масъули ин базмро аз дами шамшер гузарониданӣ буд:
«Куҷост Олимпиада!? Куҷост модари ман!? Он олиҳа куҷост!?»
Калавид Искандар. Хандиданд ба ў. Хашмгин шуд. Камоне набуд дар дасти ў, то Атталро биандозад. Шоҳ Файлақусро низ, ки ўрову модарашро хор доштанист. Тангтар мекунад чашмонашро ба шоҳу ба Аттал, ки бўйи бад дорад ҳарфаш. Ғаразаш пайдост аз ситезаш. Аттали пурдида худдорӣ кард, ки Искандар хуб аст ё бад, писари шоҳ бувад. Гарчӣ дар мастӣ шамшер кашид ба писар, чун ба худ ояд, буд-набуд писарро суроғ хоҳад кард.
Вале ҳоло Искандар модараш Олимпиадаро меҷуст. Имшаб ба чашмаш натофт шоҳзан. Яқин, ки ҳаваси дидани чунин базмро надорад. Ба фароғатгоҳи модар битохт ва пайдо кард ўро.
— Мо бояд биравем, модар.
— Куҷо?
— Эпир!
Ва рафтанд ба ватани аҷдодиашон Эпир. Шоҳи Эпир бародари Олимпиада хуш пазируфт шоҳзану шоҳзодаро ва бойиси изтироби онҳоро пурсон шуд:
— Чӣ шуда бо шумо? Шоҳро куштанд магар?
— Кош мекуштанд!
Аламашро изҳор карда наметавонист Олимпиада ва ашк рехт.
— Ту магар ҳазм карда метавонӣ, ки падар шамшер кашад ба писар? Ба чунин писар!? – Искандарро оғўш кард модар ва гирист.
— Оҳ, Олимпиада, магар намедонӣ, ки аввалин ҳадафи шоҳу шоҳзодаҳо несту нобуд кардани меросхўрон ва сирдонҳост? Шоҳ Файлақус пай бурда, ки Искандар тарбияйи Арасту гирифт ва хубтар аз ҳама гуна шоҳу шоҳзодагон аст. На фақад шоҳзодагон, ҳатто падар ҳам ҳасад барад ба чунин писар.
Ҳар се гирд омаданд. Искандари тарбиядида назди тағойи хеш чизе нагуфт аз боби кинаву ғараз, низ падарро бад накард, балки хомўш буд. Ва чунин хомўшийи писар модарро ба танг овард.
— Ай Искандар, он ки шоҳ ба ту шамшер кашид, кам буд?
— Ў маст буд, модар. Масти шароб, масти висоли духтари зебо... – Аз ин ҳарфи баройи Олимпиада ғайри чашмдошт безобита гашт ў, вале худдорӣ кард, то писар чизе пай набарад. Аммо ба дил гирифт, ки писари кўтоҳандеш, болойи сўхта – намакоб дар рўйи модар аз ҷамоли рақиба сухан кард. Димоғаш сўхт. Писар афзуд: – Модар, бигўй, ки ҳарфи Аттал чӣ маънӣ дошт?

пешина
аз 390
навбатӣ