Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Чун Аттал дандон дошт ба шоҳ, чунин корро айни муддао донист ва шарту шаройит пеш овард ба Файлақус:
«Шоҳ бояд Клеопатрро бо тамоми расму русуми шоҳона ва ақду никоҳи сулолайи тарафайн ба занӣ гирад. Клеопатр бояд малика бошад, на зани туфайлӣ...»
Шоҳ Файлақус, ки шефтайи ҳусну ҷамоли Клеопатри нозанин ва таровати ҷавонийи ў буд, розӣ шуд ба ҳама гуна шарт.
Вале садойи тири кинояйи Атталро ҷуз Искандари зирак касе нашунид.
Базми пуршукўҳ оростанд. Искандар аз зарурат иштирок кард.
Шоҳ он қадар шод буд, ки чӣ андоза нўшиданро намедонист...
Амаки арўс Аттали ҳарбпеша гўйи сабқат рабудан мехост аз ин хешовандӣ. Армонаш ин буд, ки рўзе чун Файлақус ба сипаҳсолорӣ расад ва аз ноўҳдабароийи шоҳзодагони ҷавон дар шоҳӣ даст ёбад. Тантана дошт Аттал. Шароби зиёд ва хаёлҳойи ширин ўро ба ваҷд оварда буд. Ва он гаҳ намедонист чӣ кор карданро.
Сипаҳбад Аттал коре карданӣ буд, ки ҳам ба шоҳ хуш ояд ва ҳам коми хеш ширин гардонад. Ў фармуд, то миёни базм қурбонӣ кунанд. Қурбониро ҳам ба худоён бахшид, ҳам ба шоҳ Файлақус.
Аттал дар дили шоҳи сархуш меҳри худойӣ андохт ва дар мағзи ў худоро ҷой кард. Сипас аз худоён дархост:
«Ай Зевс! Ба шоҳи Мақдуниё фарзандони ҳалолу қонунӣ ато бикун!»
Шишайи сабри Искандари ҷавони тезхун бишкаст. Ў ҳаяҷони худро боздошта натавонист. Кинояйи Аттали кинавар ва тамаъкор тире буд бар ҷигари Искандар. Дарёфт, ки таҳқир аст нисбати ў.
Аттал ишора дорад, ки Искандар наметавонад вориси тоҷу тахт бошад. Аз ин рў Аттал аз шоҳ Файлақус фарзанди «ҳалолу қонунӣ»
талаб мекунад. Даргирифт Искандар ва хурўшид чу наррашер. Ба назар ёли гарданаш фахид хирсона, гургона гаштанд чашмонаш, дандон сойид, лаб газид, вале худдорӣ карда натавонист. Қомат боло барафрошт чу хурўси болзан ва ҷоми шароб андохт сўйи Аттал.
Худро ҳимоя карданӣ шуд ва он чӣ андар тинаташ буд, рух зад. Низ барошуфт. Ошўбе бархост. Базм гашт ба разм. Шоҳ Файлақуси масту аласт ба ҳимояйи амми тозаарўс бархост ва шамшер кашид сўйи писар. Чун масти беёд буд, мувозинатро гум карда, афтид. Садойи хандайи Искандар боло шуд:
— Навдомодро бубин! Эшон бо чунин ҳол хаваси Порсро доранд! Ба Осиё лашкар кашиданианд! Баҳ-баҳ!
Искандар кина гирифт. Кинайи бузург. Ҳама чиз ҳаром тофт ба назараш: базму арўсу шоҳу муҳиташ. Ҷоҳу ҷалолу қасру кўшк хираву тира буд ба назар. Гўё худойи Апполон меғ дамида ва аждари нўҳсари Геракл кушта аз нав зинда гашта, дам андохта ба шаҳр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё