Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Александр ҳайрон буд, то чӣ гўяд ба ин модашери ҷангӣ. Медонист, ки ўро боздошта нашавад, чунон ки мастро, девонаро.
Андеша дошт, то чизе бигўяд ба ў, вале дар фурсати танг фикре ба сараш наомад, фармуд: «Рой турост». Олимпиада тахмин кард, ки ба дом омад ин рўбоҳи гўл, олиҳиммат гирифт хешро ва тавоно вонамуд, ки бе мадади бародар ҳам метавонад сомон кунад корашро. Посух надод ба ҳарфи Александр ва чун кафтор ба сайди гўсфанде мерафт, ки аз мол монда бошад. Пур андешид Олимпиада, зиёд ҷуст чунин сайди афтодаро ва оқибат Павсанийи ранҷидаро пайдо кард.
— Шодбош мегўям Павсанийи кўҳистониро Аҷаб буд чунин салому паёми Олимпиадайи худхоҳ Павсанийи орестидиро.
— Чӣ ҳарфест, ки гуфтӣ? Кўҳистонӣ таҳқир бувад ё бойиси ифтихор? – Мақсади ба ин даргоҳ омадани шоҳзанро надониста пурсид Павсаний.
— Лошак бойиси ифтихор аст, Павсаний... Мардӣ аз кўҳистониён барояд. Дар шаҳриён ҷуз макр чизе боқӣ намонда... Дар рагҳойи онҳо хуни сиёҳ ҷорӣ мешавад.
— Чӣ ҳарфҳое... Магар зарурате афтода? Ё аз домодийи шоҳ Файлақус ранҷидӣ?
— На, Павсаний, ман аз чунин занон наям... Ба зани зебову боақлу рой ҳама вақт шавҳари муносиб пайдо мешавад. Вале ранҷиши ман на аз ин хотир. Дар базми висол шоҳ Файлақусу Аттали сипаҳбад писари маро ранҷониданд. Ва саҳл монда буд, ки баройи Аттали бадкеш падар Искандарро шамшер занад. Ту огоҳ ҳастӣ аз ин?
— Бале!
— Ва ман огоҳ хастам, ки Аттали баддил туро таҳқир кард ва ҳанўз кина аз дилаш нарафта... Ва ту бояд огоҳ бошӣ, ки сабабгори ин ҳама бедодиҳо шоҳи золиму беандеша аст.
— Чӣ мефармойӣ, Олимпиада?
— Агар ту аз ҳезалакони шаҳрӣ мебудӣ, ҳарфе намегуфтам.
Чун аз шермардони кўҳистонӣ ҳастӣ, медонам, ки нангу номус низ дорӣ ва рўзе шерона қасдатро меситонӣ... назди ту омадам.
— Хуш омадӣ... Мехоҳӣ, ки хидмате бароят карда бошам?
— Оре! Хидмат бикун, то хидмат кунам!
— Ту зани наҷиб ҳастӣ, Олимпиада. Марди дар танаш хуни гарм дошта набояд ҳарфи туро ду бикунад.
— Шод бош, Павсаний. Медонистам, ки дар рагҳойи ту хуни гарм ҷорист. Вагарна ман зане нестам, ки пеши касе сар хам бикунам.
— Сипосгузорам, Олимпиада. Хидмати ман аз чӣ иборат аст?

пешина
аз 390
навбатӣ