Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

асирро бикушоянд ва чун бикушоданд, пирмард баланд садо дод:
— Ўяст, Сирфаки балвогар!
Чашмони якбора аз торикӣ ба рўшнойӣ зада зуд фарқ накард соҳиби садоро. Чун шинохт марди резапайкарро, хандид. Баланд хандид Сирфак ва фармуд:
— Ҳоло ҳам аз девонагӣ раҳо наёфтайӣ? Ҳоло ҳам ба ҳайкали шоҳи мақдунӣ мемезӣ?
Пирмард ҳайрон монд. Дигарон низ. Искандар ба пирмард нигаристу ба марди асир. Зеро ҳанўз шоҳи мақдунӣ намешинохт эшонро: яке масхарабоз метобад ва ё воқеан дили тоза дорад, дигаре таъна бар ў мезанад ва ё баройи ҷони худро ҳимоя кардан мегўяд ин ҳарфҳоро? Наход ин пирмард ба ҳайкали шоҳи мақдунӣ балв кунад?
Пирмард безобита гашт, гўйӣ зери яктаки рах-рахи бадааш кайк даромада. Тир аз камон ҷаста ва то ҳарфи марди асир исбот мегардад рост аст ё дурўғ, фурсати зиёд гузарад. Ба Искандар менигарад пирмард ва ба марди асир. Дастонаш, сараш, танаш ҳаракот доранд, то чизе бигўяду бифаҳмонад, аммо гумон мекунад суде набахшад. Сирфак марди хурд нест, то ҳанўз ҳама ба ҳарфи ў гўш медоданд ва шояд шоҳзода низ ба сухани ў бовар кунад ва пирмардро ҷазо диҳад. Беқарор аст ў:
— Ў дурўғ мегўяд шоҳзода! Ман донистам, ки шумо пури шоҳи мақдунӣ Файлақуси II ҳастед. Ман ўро мешинохтам... Ў маро аз марг наҷот дода! Сирфак ҳамайи инро медонад ва гумон мекунад, ки шумо аз гапи ман намебароед. Ҳар чӣ гўям, он шавад. Аз ин рў тўҳмат занад ба ман, то бозиро вайрон кунад.
Он сўйи ҳайкал пирмард ва ин сўйи ҳайкали дарозёзида Сирфак дар иҳотайи ҷондорони Искандар. Ба назар метобад, ки баройи ҳаёту мамот рўйи ҷасади шоҳ Файлақус қимор бозанд.
— Шоҳ Файлақус туро кай ва дар куҷо наҷот дод, пирмард?
Пирмард аз суоли ногаҳонийи Искандар ҳушёр гашт ва ба андеша рафт, то дурусттар ёд орад:
— Ман Бижани Бобулӣ ҳастам. Дар вақти ҷанги Хишоёршоҳ дар Отин асир афтода будам... Баъдтар маро ба Фива бурданд. Пас аз чанд сол юнониён ошўб бардоштанд. Шоҳ Файлақус аз шимол омад. Балвойи юнониёнро пахш кард ва мани асир озод шудам ва баргаштам ба Порс... Ҳамон вақт дар шаҳрҳойи эллинийи Осиёйи Наздик барафрохтани ҳайкали шоҳ Файлақус расм шуда буд. Аз ҷумла ин ҳайкалро дар ин ҳарам гузошта буданд. Ман аз он рўз то ҳол дар ин ҷо зиндагӣ мекунам ва посбони ҳамин ҳайкалам. Ин аз муҳаббат... Ҳамин гулҳоро низ ман нигоҳубин мекунам...
Искандар бадиққат гўш дод ба пирмард ва оҳиста ба Сирфак нигарист. Сирфаки сияҳпўш маънийи нигоҳи шоҳро дарёфт ва фармуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор