Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Искандар ба дар омад ва пирмарди хурдҷуссайи тезгўро дид, ки ба пояйи ҳайкали падараш кашу паркаш часпида боло мебарояд.
Искандар дами дар бозистод, то пирмард чӣ бикунад: пирмард баромад тори поя ва пораҳойи шакастайи гаҷиро чида зер андохт.
Аввал сари по нишаст, сонӣ қомат рост карда ҳайкалосо биистод.
«Орзу мекунад, бечора пирмард» аз дил гузаронд шоҳи мақдунӣ ва баъди лаҳзае ваҷоҳаташ дигар шуд, ки он пирмарди фартути нимҷон ҳаваси пайи падари ўро дорад. «Ин кори ту, пирхар...»
сўйи ў ғуррид аз норавшанийи фикр ва таҳлука кард битозад ва шамшер кашад ба пирмард. Вале бидид мегиряд ў. Пирмард дарозо гирист ва баъд сўйи шоҳи афканда ба хок нигарист. Ва боз гирист.
Искандар маънӣ кашид, ки асроре ҳаст. Чӣ бойисест гиряйи ўро. Халалгор нашуд, то чӣ кунад пирмард. Ў мегиристу мегирист ва ба ҳайкал менигарист. «Кист ин пирмард? Магар аз пайвандони шоҳ Файлақус буда?» гўё аз касе мепурсид ў, аммо посух надошт пурсаш. Донистанӣ буд муамморо ва боз нахост халал бидиҳадаш.
Пирмард сари пой нишаст ва сар бар сари зону ниҳод чунон ки ба хоб рафта бошад, дер наҷунбид... Фурсатҳо пас сар бардошт, нигарист ба атроф, нигарист ба ҳайкал ва вазнин қомат афрохта як гом пушт рафт ва ҳамон зайл пой кашол карда, сари сина бар деворайи пояйи ҳайкал совида пас фаромад, назди «шоҳи хуфта»
рафт ва аз бағал латтапорае бароварда хоку гарди рўйи ҳайкалро бибурд.
Шоҳ Искандар яқин кард, ки пирамарди беғараз аст ва тозон шуд сўйи ў. Ва то пирмард нарасида ғалмағале шуд аз дохили ҳарам.
Мардеро меоварданд, марди сияҳпўшро. Дастонаш баста ба пушт ва чашмонаш ба латтайи сиёҳ. Ҳеҷ гуна афзори ҳарбӣ надошт: на хўд, на зиреҳу ҷавшан, на хафтон, на теғ, на шамшер, на нимлангу тиру камон. Тиҳидасту тиҳикамар. Мўйи расида, риши дарози хурмойӣ ва дандонҳойи сапед, ки баройи баста будани чашму бинӣ, даҳон во карда нафас мегирифт. Сўйи ҳайкал мебурданд ўро...
Пирмарди резапайкари лоғар, ки шояд лоғариаш реза намоядаш, ҷаста бархост ва латтаеро, ки ҳайкал тамиз мекард, рўйи «шоҳи хуфта» бозмонд ва дарозо нигарист ҷониби марди гирифтор.
Дасти ў худ аз худ пеш мерафт ва ҳаракот медоду чизе гуфтанӣ буд, аммо садо аз гулўяш намебаромад. Шояд ҳанўз ҳам метарсид аз он марди чашмбастайи гирифтор. Ва якбора пардайи гулўяш дарид, ки садойи дупўста баровард:
— Ъў! Ў Ъўяст!
Ва дигар гуфта натавонист. Искандар, ки пештар ҳарфи ўро шунида буд, матлаби пирмардро дарёфт ва фармуд чашми марди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор