Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Шиносӣ?
— Оре!
Ва сўйи ҳарам рў овард Искандар ҳайкали падарро ба назар фаромўш карда. Дар асл фаромўш накарда буд ҳайкали ба хок хуфтайи падарро, балки боло гирифта буд ҳисси интиқом. Искандар то ба ҳанўз дар борайи кушандайи падари хеш андеша надошт, ҳоло гумон дорад, ки қотили шоҳ Файлақуси мақдунӣ андар ин ҳарам ҷой гирифта ва омода аст ба ҷанги тан ба тан. Бори дигар нигарист ба ҳайкали хуфтайи падар, ки дуо металабида бошад ва гўшайи чашм кард ба пирмард, ки нафирефта бошад. Пирмард даст ба дуо бардошту бар рўю риш кашид, андар замири Искандар умеди хушӣ пайдо шуд, сари дили гирифтааш рўшан гашт.
Шикастанд дари ҳарамро. Ворид гаштанд. Садойи чакочуки шамшерҳо омад ва фиғони одамӣ. Чашмони Искандарро хун гирифта буд. Ҳама чиз ба назараш беранг метофт. Деворҳойи сапеди ҳарам чун дандонҳойи ношуста зард метофтанд. Аз равзанаҳо нури офтоб ба монанди шуоъйи гавҳари шабчароғ менамуд. Ва офтоб нур надошт, то шамшери ахиллийи ў ҷавлон занад, акси шуоъйи офтобро гардонда чашми душманонро хиратар дорад. Безеб буд ҳама ҷо ва ҳама кас. Ҳатто ҳамнабардонаш хира-хира метофтанд ва ў намедонист бо кӣ меҷангад. Ба назараш як шамъи хира месўхт ва гирди он парвонаҳои зиёд базўр намудор мегаштанд...
Касе аз китфи ў кашид. Як қад парид Искандар ва шамшер андохт Мемнон дониста. Шамшери ў ба сипаре бархўрд ва садойи баланд баромад.
— Чӣ шуда ба ту, Искандар?!
Садойи шиноси сипаҳсолор Пармониён ўро ба худ овард ва якбора олам пеши чашмонаш равшан гашт. Сар афшонд. Зиреҳи то ба хўд кашидааш садо баровард. Дарёфт, ки ҷанг аст ва шамшербадасти сияҳпўш сўяш теғ мекашад. Клити вафодор аз куҷое пайдо шуд ва чун ҳамеша дасти ў низ ба шамшер кўтоҳ кард. Искандарро ҳалқа гирифтанд. Ба худ омад. Чунин ҳодиса то ҳанўз рух надода бо ў. «Майдони набард ҷойи беҳушон набуда»
ё садойи қалби худаш буд ва ё садойи касе, ки бедораш кард. Рў овард ба сипаҳсолор, аммо чизе нафармуд. Пармониён пеш гузашт ва бо ишора фаҳмонд, ки шоҳ бояд наҷангад. Душман киройи ҷанг надорад ва Мемнон ҳанўз аз худ дарак надода.
Пармониён, ки сабабгори ба Эфес омадани шоҳи ҷавон гашта буд, мехост ин пархошро ба зиммайи хеш бигирад.
— Овард бикун, сипаҳсолор... Ман назди ҳайкали падар меравам...
Ва баргашту аз дари ворафтайи ҳарам баромад ба саҳн, биомад назди сурати оҳанини падар, то гуфтугў бикунад бо ў. Зеро ҳоло чизе напурсида ва шоҳ Файлақус дар борайи мардуми он мулк чизе нагуфта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор