Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Шоҳ, пархошгар, номдор буд падар. Вагарна дар чунин мамлакати бегона ҳайкали ўро нагузоштандӣ. «Пас одами оддӣ набувад падари ман».
Дар чунин лаҳза кўдакийи шоҳ зоҳир шуд. Дили кўдаконайи ў чунин хориро сарфи назар карда натавонист. «Маро низ чунин хор хоҳад дошт ин мулки бегона» аз дил гузаронд ва ба худ омад.
Дарёфт, ки гиря дорад шоҳ ва хуб аст, ки ҷуз дўстон касе оби чашми ўро надида. Шояд касе аз паси равзанаҳойи ҳарам нигарон бошад ин ҷониб, вагарна ҳама худиҳоянд.
Сипаҳсолор Пармониён ба тахтапушти ў панҷайи кушодашро ниҳод. Искандар оҳиста сар тофта ба ў нигарист. Сипаҳсолор ишорайи сар кард. Шоҳи ҷавон, ки дар сар андешайи Мемнонро дошт, пиндошт ўро дастгир кардаанд: «Доштандаш?»
— Намезебад...
Кўтоҳ посух дод Пармониён ва мижа таҳ кард.
— Куҷост? – мижа таҳ кардани сипаҳсолорро ҷавоби мусбат дониста чунин пурсид Искандар. Вале чун ҷавобе наёфт боз фарёд зад: – Куҷост он гурги борондида?!
Ва ин замон аз паси сутуни гўша пирмарде лоғар ва хурдҷусса пайдо шуд, вазнин пеш омад ва бо овози пасту хаста пурсид:
— Киро талаб дорад?
Ҳама рў оварданд ба ў. Искандар низ сар бардошт ва нигарист сўйи пирмард ва гуфт:
— Мемнонро.
— Кист Мемнон?
— Оне, ки ин ҳайкалро афканд...
Пирмард, ки ононро намешинохт, даст гардонд, то пеши ў ояд Искандар.
Искандар қомат бардошт. Саропойи пирмарди фартутро аз назар гузаронд, пештар омад. Пирмард лаб ба сухан накушод, вале ишорайи даст кард сўйи дари ҳарам. Искандар дарёфт ишорайи ўро, нигарист ҷонибе, ки пирмард ишора карда буд. Ва намедонист чӣ бикунад: ҳайкали падар рост кунад ва ё ба ҳарам тохт оварад?
— Ин ҷо чӣ мекунӣ? – пурсон шуд аз пирмард.
— Ман нигаҳбони ҳайкали шоҳ Файлақус ҳастам...
— Пас чаро нигаҳбонӣ накардӣ? Чаро гузоштӣ, ки ҳайкали шоҳро афкананд?
— Ҳар замон зўре дорад... Зўрон, ки ин корро карданд, мани бечора чӣ метавонистам кардан.
— Куҷоянд он зўрҳо?
— Фирор карданд.. Сардорашон он ҷост! – боз сўйи ҳарам ишора кард пирмард.
— Кист сардор?
— Сирфак!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор