Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Дурўғ мегўяд...
— На, шоҳзода... ман дурўғ нагўям. Зеро зиндаву мурдайи ман якест. Зан надорам, фарзанд надорам... Танҳоям. Бо шоҳ Файлақусам... Ёд дорӣ, шоҳзода, ки ўро дар даромадгоҳи тиотур куштанд... Ман баъди чиҳил рўз расида рафтам, то ба рўҳи покаш адойи қарзи хеш кунам. Ҳоло мулк бесарвар буд ва мегуфтанд, ки мамлакатро ё Пармониёни сипаҳсолор идора мекунад ё шаҳбону Олимпиада... Ва ман, ки Файлақусро ёд карда будам, баргаштам...
Шубҳайи Искандар кам шуд ба пирмард, вале афзуд ба Сирфак.
Атрофиёнро аз назар гузаронд ва рў овард ба пирмард;
— Чӣ иддао дорӣ?
— Талабу иддаое надорам... хоҳише дорам…
— Бифармо!
— Сирфаки балвогар афрохта гардонад ҳайкали шоҳ Файлақусро...
Хандиданд дигарон ва Пармониён пеш омад:
— Ва ин ҷазост?
— Ин ҷазоест аз нўги хамир – фатир.
— Бошад! Бигзор чунин бошад! – садо дардод Искандар.
Хандаҳо дар лабҳо шикастанд, садоҳо андар гулўҳо фурў монданд. Пармониёни пухтакор, ки имову ишораҳойи Искандарро батадриҷ омўхта буд, нигашт сўйи ў. Искандар гўйӣ шоҳи таҷрибаандўхта бошад, сар андохту бардошт ва Пармониён дарёфт, ки хоҳиши пирмард Бижани Бобулӣ бояд иҷро гардад. Пушти шамшер ба гулўйи асир гузошт ва бардошт. Сирфак тезийи шамшер гумон карда зуд сар боло кард, аммо чашм накушод. Пармониёни бадфеъли ҷиддиқиёфа, ки дар зиндагиаш кам механдид, якбора қаҳқос зад. Ҳама тааҷҷуб карданд, ҳатто Сирфак чашм во карда нигарист ба ў, то дурусттар шиносадаш.
— Зўри бардоштан надорӣ, ки чашм мепўшӣ?
— Афканда тавонистӣ, бардошта наметавонӣ?
Сирфак посух намегуфт, балки омода буд туф кунад ба руйи ў, вале ҳанўз пушти шамшер дар гулўйи ў буд. Пармониён шамшерро пас гирифт ва фармуд:
— Бардор!
Сирфак ҳатто ба ҳайкал нигоҳ намекард. Ғурураш намегузошт асириаш ҳувайдо гардад. Аз зарби гўшмоли даруни ҳарам ё аз сўхтан ба қадри хеш, гўшонаш сурх гашта буданд.
Искандар мушоҳида мекард ҳамаро ва ба қадри падари хеш месўхт, ки пеши пойи нокасон буд. Ғурури Сирфак ба андеша водораш кард, аммо намефоридаш, ки фармон иҷро намекунад.
Ҳарчанд ҳанўз шоҳ фармон надода буд, лек фармони сипаҳсолорро дар айни ҳол фармони хеш медонист, зеро фаросаташ иҷозат намедод, ки баройи афкандани ҳайкали падар ўро ҳукм барорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор