Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ба назари малика чунин намуд Искандари фатиламўй, вале пай намебурд, ки чун ҷўшад вуҷуди ў.
Аз гўлпурсиҳойи шоҳзан гумонаш ба дигар диёр меравад. Искандар низ мушоҳида мекард ҳаракот ва нигоҳҳойи бонуро. Ба нозу карашма нигаристан ва ё ба ҳазор адо ҳарф заданҳойи шоҳзан хуш наомад Искандарро, вале ў худдорӣ мекард, чизе намегуфт, то матлаб ба даст ояд. Шоҳи ҷавонро писар хонд Айидайи миёнасол, аммо адояш ошиқона аст. Карашма мекунад сўйи ў ва ба назар сирреро пинҳон дошта, аз посух гурез карданист. Маликуррумро нозу адойи бону лозим нест. Балки ў бояд бидонад, ки Мемнон дар куҷо сар паноҳ карда.
— Мамнунро мепурсед? Огаҳӣ дорам. Он ки дар аҳди Ардашер ҷангида ва акнун баройи шоҳи хонда – Доройи Кудумон хидмат кунад... Лекин бароятон бояд бигўям, ки Мамнун Дороро дўст надорад...
— Чаро? – гўё ҷони суханро донистанӣ буд Искандар.
— Зеро ялон ва сипаҳсолорҳо шоҳони бефарро дўст надоранд.
Доройи III аз чунинон аст. Фарре надошта ва таълими шоҳӣ надида.
Искандар ба андеша рафт. Гумон кард, ки малика ба шохи пурбори дарахти ў санг андохт. Шаҷарайи хешро пеши назар овард, ки ў низ аз тухмайи шоҳон нест, балки падараш вазифайи шоҳиро адо карда. Ҷунбид, беқарорӣ кард. «Лозим нест, худам пайдо мекунам Мемнонро...»
— Мамнун қаҳрамоне нест, ки дар паноҳи ман барин заифон бозистад. Ў дар дижҳое паноҳ мебарад, ки деворҳояш дуқабата бошанд ва дарҳояш рўйин...
— Чунин диж дар куҷо воқеъ аст? – сухани маликаро бурид Искандар.
— Чунин диж дар Милет воқест ва дар...
— Кифоя, модари азиз!...
Якбора номайи шаҳрдори шаҳри Милет Гегесистрат ба ёдаш омад, ки ба шоҳи ҷавон навишта, пазиройии хуш ва супоридани калиди дижи овозадорро ваъда карда буд. Осемасар шуд Искандар ва Айидаро шоҳи ифтихорийи Кария эълом дошт ва сатрапи хешро дар мулки Кария бозгузошта роҳи Милетро пеш гирифт.
Вале Пармониён ўро боздошт:
— Фирефта туро, Искандар.
— Чун?
— Мемнони маккор дар Милет нест, балки дар Эфес аст.
Искандар ҷилав кашид Бусефалро ва ба дасти рост тофт, ки Эфес дар канортар буд ва баъд ба худ омад, ки чаро напурсида ҷилави аспашро тофт.
— Сипаҳсолор! Аз куҷо донистӣ, ки Мемнон дар Эфес аст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор