Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман фақат рўзи мурданамро намедонам, шоҳи ҷавонбахт...
Дам ба дарун гирифт Искандар, ки Пармониён суханашро шарҳ ё идома медиҳад ва сипаҳсолор ба умед буд, ки шоҳ боз чизе мепурсад. Хомўшӣ ба миён омад. Асбон замин нохун мезаданду сайҳа мекашиданд ва бинӣ меафшонданд.
«Дурўғ мегўйӣ» – зимни андешайи тўлонӣ аз дил гузаронд Искандар ва пирўзийи соҳили рўди Граникаро ёд овард, ки сипаҳсолори «ғайбдон» ба ҷанги фаврӣ розӣ набуд.
— Хўш? – идомайи андеша шунидан хост шоҳи ҷавон.
Сипаҳсолор чунин ишораро мунтазир буд, ки идома дод:
— Мемнон дар он ҷо паноҳ ёфт. Олигаршҳойи эфесӣ ўро пушту паноҳ дониста шўриданд, демократҳоро азоб доданду нобуд сохтанд. Сарвари олигаршҳо Сирфаки Ғазаб бисёр корҳойи безеб кардааст. Ба хусус мақдуниёнро.
Искандарро гўши суханшунав набуд. Маҳмез зад Бусефалро.
Ҷонвари чаҳорпо ишорайи рамзийи саворро дарёфт ва чахорнаъл шуд...
... ва маънийи суханони сипаҳсолор Пармониёнро андар даромадгоҳи ҳарами Артемидиён дарёфт. Ҳарами кунгуракорӣ ва гаҷкорӣ ва мармарӣ бо ҳазор нигоришу ҳунар сохташуда ба назар хору зор ва бепарастор метофт. Паси сутунҳойи даромадгоҳ дар дасти рости шахси воридгашта пояйи ҳайкале меистод ва ҳайкали биринҷийи сарнагун рў ба замин фурў хобида буд. Искандар, ки аз сирру савдо огаҳ набуд, аҳамияте надод ба ҳайкали сарнагун ва аспашро то ба дари бастайи ҳарам ронд. Ба ҳайкалу ҳайкалчаҳойи худоёну нимхудоён ва қаҳрамонони афсонавийи андар равоқу пештоқҳойи даромадгоҳ тарошидаву нишондаву насбкарда эътиборе надод. Усули насбу гаҷкорийи машриқиён, ки тақрибан ба усули меъморйи юнон монанд буд, диққати шоҳзодаро чандон ҷалб накард, балки ў зудтар зада даромаданӣ буд ба ҳарам. Пармониёни пурдида ўро боздошт: «Оҳиста бош, Искандар!» Шоҳи ҷавон чизеро пай бурд ва инони аспаш сахттар кашид. Бусефал як ба ҳаво рост шуда дастак зад ва боз ба пой истода худ ба худ сари ҳайкали сарнагун омад.
Пармониён зер шуд аз зин. Ба чанд нафар ишора кард низ фароянд. Клит, Гарпали хазинадор, Биталомуси пилзўр ва чанде фаромаданд, ки нав даррасида буданд андар паҳлўйи Искандар.
Сипаҳсолор фармуд, то ҳайкалро бардоранд. Аввал сипаҳбадон ҳайкали хоколуд ва чанд ҷояш фурўрафтаро аз нодонӣ бардоштанӣ нашуданд. Чун Пармониён эшонро фармони қатъӣ кард, даст ба кор заданд. Чун вазнин буд ҳайкали биринҷӣ, рост бардошта нашуд. Рўгардон кардандаш. Шоҳи ҷавон аз рўйи Бусефал ковок шуда, нўки пой ба рикоб тира карда ба ҳайкал нигарист. Як симойи шиносро дид. Бовар накард ба чашмонаш. Фурўд омад.

пешина
аз 390
навбатӣ