Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Гумон дошт малика Айида духтарашро пешкаш мекунад ба шоҳи ҷавон. Чун Искандар аз савдо огоҳ гашт, ғамӣ нашуд. Зеро рў ба рўйи ў андар тахти заррин маликайи хубон Айидайи нозанинро мебинад, ки ёд аз модархудоёни юнонӣ меорад. Модархудойи қаламрави мулки Порс нишаста бар тахти мурассаъ, нур дорад дар рўй – нури шоҳӣ. Ва Искандари аз устодаш Арасту дарси зебойӣ омўхта наметавонад чунин ҳусну малоҳатро сарфи назар бикунад.
— Ай Айидайи бузург, модархудойи мулки Порс, бипазир Искандари Мақдуниро ба фарзандӣ!
Айидайи ноомода ба чунин пешниҳод дасту по хўрд, парешон шуд, нигарист ба дару тиреза ва дастонашро аз зери остини ҳарир бурун оварда, андаке бардошт ва каф зад. Остини ҳарири бунафшрангаш, ки маликаро бануртар менамуд, чун пари сабуки товус ранга тофт, аз сапедийи дастони хотун. Ба садойи дастони малика ду тан ҳозир шуданд аз ду дар. Малика рў овард ба эшон:
— Шумо ҳозиру нозир ҳастед мисли худо... ман ин шоҳзодайи мақдуниро хондам ва пазируфтам чун писар... Бигўед, базм ороянд!!!
Базм оростанд. Тойису Эрис ҳунар менамуданд бо рақсу тарона ва малика ҳусни нотакрор ва ҳунари волойи эшонро дида дар дил мегуфт: «Ҷое, ки чунин духтарон ҳастанд, ба чӣ кор ояд шоҳдухтари Кария?»
Искандар парешонийи маликаро пай бурд ва дилаш раг зад, ки шояд ҳама накўкориҳойи ў макр бошад, шояд чунин осон супурданаш мулкро найранге дошта бошад. Чанд бор ба рўйи малика Айида нигарист ва ў безобита гашт, ки нав писар хондамаш ва чунин ҳарис аст нигоҳаш ба рўйи ман. Табассум кард. Сохта будани табассумашро Искандар дарёфт ва яқин кард, ки зери коса нимкосае ҳаст.
— Мемнон нагузашта аз ин ҷо?
Қасдан Мемнонро пурсид Искандар, ки донад ё на. Агар Дороро пурсад, донад.
— Кист Мемнон? – қасдан ва ё надониста пурсид малика.
— Магар нашунидаед номи ўро?
— Шунидаам, як пархошгар аст...
Ба чунин беэътиноёна сухан кардани малика ҳайрон шуд Искандар, вале чизе нагуфт. Дар худ ҳазм мекард, ки дар ҳақиқат нодониста ё макр?
— Ва ҳама мисли шумо Мемнонро намешиносанд?
— Шояд дигарон шиносанд, вале ман намешиносам.
— Гурги борондида аст Мемнон...
Малика Айида нафаҳмид, ки Искандар баройи чӣ гуфт ин ҳарфро? Дар мазаммати сипаҳсолори Порс буд ва ё ситойиши ў.
Ба андеша рафт, пасон бо гўшайи чашм ба шоҳи ҷавони ҷиддӣ ва таълимдидайи баодоб нигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор