Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Пирўзӣ бар дўстон муборак! – посух дод шоҳи ҷавон ва табассум кард. Хуш наомад чунин табассум сипаҳсолорро, ки заҳрхандро мемонд. – Акнун фароғат бояд кард, сипаҳсолор!
Сипаҳсолор посух надод, балки сар афшонд ва аз пушти зин ба зер омад.
БаНди ДУВВУМ
Ашрофзодайи Порс Мифрон дар Лидия ба Искандар калиди арки Сардаро ҳадя кард. Мифрон шояд аз он ҷиҳат чунин кард, ки аввалин шикасти сахти Порсро андар канори рўди Граник дида буд ва медонист, ки бори дигар Сарда аз даст ба даст гузарад ва шояд ин дафъа андар Сарда пархошгарӣ шавад, аз диж хишту похса ҳам намонад. Сабаби дигар ин буд, ки андар шоҳи тозаҷулуси Форс Доройи III фарри шоҳӣ намедид ва ин чиз ба мардум дилсардӣ оварда буд... Вале ашрофзода Мифрон танҳо баройи ҳимояйи худ ин корро карда буд ва умед дошт, ки шоҳ Искандар калиди тўҳфа кардаашро рўзи ба сафар рафтан бозмегардонад.
Искандар бо хушнудӣ пазируфт чунин инъомро ва ҳалқа гирифт қасрро. Арк ончунон писанд омад Маликуррумро, ки хост ҳараме созад ба номи худованд Зевс. Ва ин корро ба зиммайи сипаҳбади сипоҳони савора, бародари Пармониёни сипаҳсолор Асандр вогузошт ва ашрофзода Мифронро чун поси сипос мушовир хонд баройи хеш. Чунин сипосгузорийи шоҳи мақдунӣ мардуми порсиро дилгарм мекард, вале касе пай набурда, ки хиёнати порсиён ба мулку халқи хеш аз ин арк, аз хушомадгўйиҳойи ашрофзода Мифрон сар зада буд...
Дар пеш мулки Кария буд. Ҳамон мулке, ки Искандар вақти аз падар ранҷида, ғазаб карданаш ба духтари малики он ҷо хонадор шуданӣ буд. Шоҳ Файлақуси II аз ин сирр огоҳ гашта, дарёфт, ки Искандар сари шўрида ин корро мекунад, ўро боздошт аз чунин роҳ. Ва Искандар набахшида буд, балки алам дар дил дошт. Ва бо чунин умед ба Кария ворид гашт, ки шоҳдухтар дучор хоҳад шуд ва лозим ояд, ба зўрӣ хоҳад гирифт духтарро.
Бовар дошт, ки шоҳдухтари овозайи шоҳи ҷавонбахтро шунида ба ёди ў нишаста.
Чун ба Кария ворид гашт ва муқобилатро надид, имонаш комил гашт, ки шоҳу шоҳдухтар ва ҳама нигарони Маликуррум ҳастанд. Чун маликайи Кария сари хунрезӣ надошт, Искандару сипоҳи ўро ба нону намак пешвоз гирифт. Искандар шоҳдухтарро дидан хост, аммо миёни омадагон шоҳдухтар набуд. Шохдухтар ба писари малики мамлакати дур хонадор шуда буд ва имкони бо малики мақдунӣ рў ба рў омадан надошт. Ва Искандари ноогоҳ хуш пазируфтани малика Айидаро аз баройи духтари ў донист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор