Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ҷанги рўёрўро хуб дида, набарди юнониёни лашкари Искандарро фарқ мекард ва медонист, ки аз ду ҷониб юнониёни кироя ҷанг мекунанд, аммо намешинохт, ки кадоме аз порсони ҷавшанпўшу хўдбарсар юнонист. Сабаби ҳамдигарро куштани юнониён равшан аст, вале намефаҳмид, ки чаро онон аз чунин иқдоми бад бозистода наметавонанд. Ў ба суоли хеш посух наёфт... Пасон дар ҳошияи нигоштааш навишт: «Искандар умри дубора дид...»
Ва ин замон сипоҳони саворайи порсиро ҳалқа танг омад, рў ба фирор ниҳоданд. Осемасар, бенизомона ва тарсу гурезон шуданд онон ва ба пиёдагардҳо эътибор надода, онҳоро ба ҳоли худ вогузошта, рў оварданд ҷониби Машриқ. Миёни саворон сипаҳсолор Мемнон низ рў ба гурез овард ва садо дармедод, ки ба ҳарфаш гўш надоданд, пештар аз овард бояд рў ба фирор меоварданд.
Инак суд надорад...
Сипоҳи пиёдайи Порсро гирд гирифтанд фавҷҳойи саворайи румӣ аз чаҳор самт. Пиёдагон ҳарчанд лоилоҷ будани воқеаро медонистанд, сар нафароварданд ба румиён. Зеро низомиёни батангомадайи порсӣ аскарони зархариди юнонӣ буданд ва шиорашон «сар раваду сирр на» буд. Девонавор хешро ба саворон мезаданд.
Давра гашта, пушт ба пушти ҳам дода, рў ба рў бо саворони чобуки румӣ меҷангиданд. Дар чунин набард ханҷарҳойи кўтоҳи онон ба кор намеомад.
... Ва чун Искандар донист, ки эшон сарбозони кирояи юнонӣ ҳастанд, хашм гирифт бар эшон. Чунон пархош кард, ки сарҳо чу себча ба ҳаво париданд. Ончунон шамшер мезад, ки вақти тамрину ҳарбак нарду найро сарпарид мекард. Овардаш қатли омро мемонд; ҳар кас пеш меомад, ҷон месупурд. Тавба, зорӣ, тавалло ба гўши Искандар ва сипаҳбадону сипоҳони ў намедаромад... Сипоҳони зархариди юнонӣ бо марг рў ба рў омада буданд.
Искандар ҷуз куштан андешайи дигар надошт. Яқин дошт, ки эшонро пўзиш кардан баробари мор ба бағал андохтан аст. Ва чун аз куштан хаста гашт, зиёда аз ду ҳазор сарбозони кирояи юнониро асир гирифт ва бо ҳазор хорӣ баройи ободонӣ ба Мақдуниё фиристод...
Искандар дар пушти зин, пой ба рикоб тира карда, қомат боло гирифта оҳи сабук кашид ва ба дур – ба Офтобнамо нигарист, то чӣ тобад. Чанги бархостайи зери суми аспони порсиро бидид, ки пеши хуршед гирифта буд. Ва боз табъаш хира гашт, табассум андар хами лабонаш шикаст, ки ҳоло зиёд озораш медиҳанд. Пасон гардан тофт ба ду ҷониб ва ҳама дўстону ёрон бидид болида.
Пармониён ҳамроҳи писаронаш канортар буд, то шоҳи ҷавон аз чунин пирўзӣ болида таънааш назанад, ки монеъ шуда будӣ ба набард; сипоҳ бояд дам бигирад, гуфта будӣ. Искандар сипаҳсолорро ишора кард, то пеш ояд. Сипаҳсолор ҷилав зад Ҷиранашро ва пеш омад. Таъзим кард ва фармуд; — Пирўзӣ муборак!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор