Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Яке аз ҷондорҳойи шоҳи ҷавон писари Ланика Протейи бовафо шамшери эҳтиётийи Искандарро дароз кард. Искандар беҳушона гирифт шамшери бахтро ва аз зери пардайи тирайи ноумедӣ симойи Ахилли диловар пеши назараш омад ва ў ҳушёр гашта, шамшер тори сар ҷавлон дод ва аввалин бор дар набард фарёд кашид. «Ахииииилллллл!!!» Биғуррид ва маҳмез бидод Бусефали ҳушҷилавро. Бусефал, ки дар миёни асбони ҷондорони шоҳи ҷавон монда буд, зўри берун омадан зад ва натавониста чароғпоя шуд.
Искандар лаҷоми ўро сўйи сипаҳбади Порс Мифридата тофт ва асби доно хирсона ба пойи пас чанде рафта, даст бар сари савори рў ба рў заданӣ буд, ки асби Мифридата реб дода паҳлў рафт ва ханҷари ёзидайи ў пўсти дасти рости Бусефалро чок кард... Искандар чунин ҳолро дида, гўшайи чашм кард поёнтар аз китфи рости асб хуни шорони онро дида хашм гирифт ва боз наъра зад.
Вале намедонист, ки бо савори мусаллаҳу зиреҳпўш ва аспаш пўшидайи баргустувон чӣ бикунад. Гардани савор низ ба зиреҳ пўшида аст ва шамшер бизад. Мифридата дар ҳимоя шамшер дошт, вале шамшери Искандар рўйи шамшери ў лағзида, рост ба бинийи Мифридата омада зери чашмон фурў рафт...
Спифридата – бародари Мифридата чунин аҳвол дида яқин кард, ки дигар яли тавонойи бо Искандар муқобилият мекарда нест, ба найранг пардохт. Ў ханҷарбадаст ҳуҷумовар шуд аз паси сари Искандар. Ва аз дил гузаронд, ки шоҳи ҷавон охирин нафасҳойи ғанимат мекашад ва агар бародари ў аз бинӣ шамшер хўрда дунёйи равшанро падрўд гуфта бошад, шоҳи мақдунӣ кофирона аз паси сар ба марг хоҳад расид... Ба ҳамон шасте ки асп ронда, аз паси сари Искандар ханҷар заданӣ буд, дасти ханҷардораш аз банд ҷудо шуд. Клити бовафо бародари доя Ланика, ки ҳамлаварийи сипаҳбади порсро дида буд, бо зарби шамшери тез дасти рости ханҷардори ўро аз тан ҷудо кард.
Искандар чунин ҳол бидид ва донист, ки аз ҳаёт то мамот як сари мўй буда. Ларзид вуҷудаш, пасон тафсид танаш. Хурўшид.
Ҷавлон дод шамшери Ахиллӣ гирди сар ва зону фишурд Бусефалро. Бусефал чун фарасҳойи афсонавӣ сайҳа кашиду ҷавлон зад ва гўйӣ даҳон ҷудо, сум ҷудо, лагад ҷудо ҷанг мекард. Ҳар аспу пиёдаро меафканд ба сўе ва саворонро рў ба гурез меовард... Бо наърайи Искандар саворони сипоҳи румӣ аз канорҳо танг карданд саворони ҷангийи порсиро. Садойи чакочуки шамшерҳо боло шуданд. Найзаҳойи дарозу нўктези юнонӣ ҷони порсҳойи фирефтаро меситониданд. Каллапо рафтани аспону саворонашон, ғелидани сарҳойи бурида, ҷонбозийи дасту пойҳойи аз тан ҷудо гашта, замин газидани сарбозон, ба рўд омехтани хуни низомиёну асбон маҳшарро мемонд. Аз ҳама мушкил баройи Коллисфени воқеанигор буд, ки ҳамаро бо ҷузъиёташ қаламдод карда метавонад ё на.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор