Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳанўз рўз нашуда донаҳойи борон ба сару рўйи сипоҳиён ва сару ёлу гардану сағриву думғозайи бараҳнайи асбон бархўрд.
Искандар пиндошт, ки ҳаво мегиряд ба марги фавҷи саворони сипоҳи ў. Ниёзу намоз овард ба Геракл, Ахилл ва худойи барқ Зевс. Вале Курушро аз ёд бурд, ки қотилони фавҷи ў аз дудмони ўянд... Ва чун Искандари зирак дар дасти низомиёни рў ба рў каҷкордҳо ва дашнаву ханҷарҳойи кўтоҳро бидид, хушнуд гашт, ки ҳама найзаҳо имшаб ба душман андохта, афзори ҷанг нобуд сохтаанд ва дар ҷанги масофа тоб нахоҳанд овард.
Маликуррум усули ҷанги хешро дигар кард: ба чобуксаворон фармуд сипоҳи Порсро аз ямину ясор ҳалқа бигиранд; талояйи хешро бо синонҳойи дарози нўгтез саф орост, ки бо шамшерҳойи каҷ ва дашнаву ханҷарҳойи кўтоҳ зиддият кардани душман амри муҳол буд. Чун лашкари Порс худро пирўз дониста, ба лашкари румӣ зада буд, пешониаш ба девори сахт бархўрд. Дар набарди рўёрўву чашм ба чашм найзаҳои дарози юнонӣ кор доданд.
Юнониён порсҳоро ҷавшану зиреҳпўш ва хўдбасар диданд. Ва яқин карданд, ки ба найза сўрох кардани сақфи синайи рўйини эшон саҳл нест, чашму рўйи кушодайи ононро ҳадаф карданд.
Сипоҳиёни машриқӣ чашмдор набуданд чунин набардро ва илоҷи ҳимояро низ наёфтанд.
Фавҷҳойи ҷангдидайи сипаҳсолор Пармониёни доно, дастайи Биталомуси пилзўр, гурўҳи «Дўстон» ҳалқа гирифта буданд порсҳоро. Порсҳо низ дар қабза оварда буданд фавҷи Искандарро ва гумон доштанд, ки сипоҳи юнониён ҳамин аст. «Ҷанг дар ҷоест, ки Искандар бошад» мегуфтанд ва шамшерҳоро ҷавлон медоданд тори сари Искандар, вале бехабар буданд, ки об дар оби андаруни тухми мурғ. Искандар – зарда, порсҳо – сапеда ва сипоҳи мусаллаҳу пурзўри румӣ пўсти тухм буданд, ки аз оташи корзор бояд сахт мешуданд. Ончунон овард буду пархош, ки садойи Граники пуртуғён зери садоҳойи шамшерзанӣ, овозҳойи баланди сипоҳиён, сайҳайи асбон ва охирин нолаҳойи ҷонканӣ фурў монда буданд.
Искандар чун шери жаён овард дошт. Садояш Ахиллона буд ва шамшерзаниаш низ Ахиллона. Ончунон ҷавлон мекард, ки ҳавойи шамшераш чандеро пиёда ва чандеро бесар мекард. Баногоҳ шамшераш бишикаст ва рў ба рў омад ба домоди шоҳ Доройи Кудумон – Мифридата. Дили Искандар шуввӣ фурў рафт ва ба назараш чун сари бурида зери суми Бусефал биафтод ва дар они воҳид танашро арақ фаро гирифт. Олимпиада пеши назараш омад, гуфтаҳойи сипаҳсолор Пармониён дар гўшаш садо доданд. Лаҳзае гум кард хешро. Фурсат ва авзоъ чунон буд, ки як мижазанӣ аз худ рафтан ва хешро гум кардан ва ё ғофил мондан баробар буд ба марг. Дўстони Искандар миёни ў ва Мифридата девор шуданд, Мифридата шамшер мезаду сарон меафканд ва набард ба гирдоб монанд гашта буд. Дўстон ҳимоя карданд Искандарро.

пешина
аз 390
навбатӣ