Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Пасон нигарист ба ҳалқайи дор. Раъша давид дар танаш, вале садойи шоҳи ҷавонбахт ўро карахт гардонд:
— Бахшида шуд гуноҳони бузургон!
БаНди СЕНЗДАҲУМ
Шоҳи ҷавон Аршак чун дарёфт, ки боргоҳ бе хоҷасарой ва табиби донишманд боргоҳ нест, ҳар дуро боз ба даргоҳ хонд.
Кордонийи вазири доно Боҳуй ва донишмандиву одамияти Пирони табиб ба ў хуш омада буд. Аммо модари шоҳи ҷавонбахт Гулгун розӣ набуд аз кори писараш. Чун ҳарф ҳарфи подшоҳ буд, модар наметавонист истодагӣ кунад ба андешайи хеш ва писарро гуфт: «Ту донӣ». Чун шоҳи ҷавон худдонӣ кард, дўстиаш бо вазир Боҳуй тўлонӣ нашуд. Бо маслиҳату машварати хоҷасарой шоҳи ҷавонбахт солгарди ҷулуси хешро бар тахти заррин ҷашн гирифт.
Ва хоҷасарой андар ин базм бо шоҳи ҷавон Аршак кореро кард, ки бо бобойи ў шоҳ Ардашери II карда буд.
Чун аз наҷоди ҳахоманишиён тухме намонда буд, вазири маккор ба такопў афтод, то киро тахтнишин гардонад. Ниҳоят аз Арманшаҳр ҳокими он ҷо Кудумони панҷоҳсоларо пайдо кард ва ўро охирин намоянда аз дудмони Ҳахоманишиён донист ва подшоҳ хондаш ва унвони Доройи III-ро ба ў насб кард. Кудумонӣ падари малика Гулгун буд. Чун занони Ардашерон андар дижи Экбатон монданд, Гулгун низ он ҷо бимонд ва натавонист дар борайи хоҷасарой ба ў чизе фаҳмонад. Кудумонӣ, ки дар борайи вазири боргоҳ ҳарфҳое шунида буд, Истахрро интихоб кард ва Тахти Ҷамшедро баройи подшоҳийи мулки Порс мувофиқ донист.
Ва тоҷгузорӣ кард, чунон ки Куруши Кабир тоҷгузорӣ карда буд.
Куруши Кабир дар Бобул тоҷгузорӣ кард, тоҷи душохайи бобулӣ бар сар ниҳод ва номи Зулқарнайнро гирифт ва Доройи III андар Истахр тоҷгузорӣ карданӣ шуд ва тоҷи душохайи хоси Курушро бар сар ниҳодан хост ва ёд кард, ки дувист сол муқаддам чӣ гуна тоҷгузорӣ шуда буд андар Бобул: «Рўзи қабл аз тоҷгузорӣ Куруш либосҳойи фохири модиро байни беҳтарин сипаҳсолорони худ тавзеҳ кард ва аз он замон буд, ки порсиҳо либоси модҳоро бар тан карданд. Фардойи он рўз қабл аз тулўи Офтоб ҳама чиз омода буд: аз ду сўйи роҳе, ки подшоҳони ҳахоманишӣ ва ҳамроҳони ў мегузаштанд, сарбозон радду саф истода буданд. Дар сафҳойи ҷамъияти тамошочиён, ки дар пушти сафи сарбозон қарор доштанд, посбонҳо бо шилоқҳойи худ назмро барқарор мекарданд... Ибтидо дар муқобили дарҳойи кохи шоҳӣ чаҳор ҳазор сарбози найзадор дида мешуд ва дар паси онҳо ду ҳазор сарбози дигар дар ҳар яке аз ду ҷониб истода буданд. Фавҷи саворанизом ҳузур доштанд, аммо аз асбҳо пойин омада ва дастҳойи худро ҳамчунон ки имрўз ҳам дар баробари подшоҳ маъмул аст, дар зери либосҳойи баланди порсийи худ қарор дода буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор