Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ва шоҳи ҷавон хоҳиши хоҷасаройро баҷо овард: амр кард, то сарбозон чарми сиёҳи бар чашми Пирони табиб бастаро бикушоянд. Кушоданд. Чашмони табибро нури хуршед бурд. Ў дерёз чашм накушод. Вале сабаби чашм накушоданаш нури офтоб набуд, балки намехост бо хоҷасарой чашм ба чашм гардад.
— Табиби донишманд, чашмони хоҷасаройро бубандед!
Пирони табиб ба гўшҳояш бовар накард, гўё хато шунид, зеро лоимкон буд, ки ў аз чанги вазири маккор раҳо ёбад ва боз чунон шавад, ки чашми чунин аждаҳо бубандад.
— Чашмони ўро бубандед, табиби донишманд!
Хоҷасарой дарёфт, ки эътибори табиб зиёд аст назди шоҳи ҷавон, вале вазири боргоҳ эҳтироме надорад пеши ў. Аммо Пирони табиб чизе намефаҳмид ва намедонист чӣ посух бидиҳад шоҳро.
Ҳама кирдорҳойи вазири нокас равшан аст пеши табиб, вале ў намехоҳад нокасӣ кунад хоҷасаройро.
— Сипосгузор ҳастам аз шоҳи ҷавонбахт, ки маро умри дубора бахшид. Вале маро маъзур доранд, ки ба чашми хоҷасарой тасмайи сиёҳ баста наметавонам. Хоҷасарой дар боргоҳи шоҳон хидмати зиёд карда, аз ҷумла ба ман. Дастони ман қодир нестанд баройи бастани чашмони хоҷасарой..
Шоҳи ҷавон Аршак ба андеша рафт ва ҳамчун як шоҳи бомулоҳиза ҳукм набаровард, балки ба модараш Гулгун назар афканд, то чӣ фармояд шаҳбону. Ў сар такон дод. Шоҳи ҷавон маънийи сар такон додани ўро дарёфт накарда ба таври худ чунин фармуд;
— Хоҷасарой! Чашмони табиби кўрнамакро бубандед!
Хоҷасаро, ки чунин ранг гирифтани корро чашм надошт, нури умед пайдо гашт андар замираш. Даст сўйи тасмайи сиёҳи дасти сарбоз бурд. Рабуд онро. Чунон зуд иҷро кард ин амалро, ки мурғи сиёҳи марг аз дўши ў бар дўши табиб нишаста бошад. Чолок чашмони Пиронро бубаст.
Шоҳи ҷавон баланд хандид. Маънийи хандайи ўро дигарон пай бурда низ хандиданд. Вазир Боҳуй хиҷолат кашид.
— Акнун фаҳмидед ва донистед кӣ будани хоҷасаройро, табиби донишманд? Гузашт кардан ва мардӣ аз дасти ҳар кас наояд.
Пирони табиб чашмбаста буд, ба пурси шоҳи ҷавон посух надод. Ҳанўз дарнаёфта буд маънийи ин бозиро... Ҳоҷасарой умедканда шуд. Заррае умеди зиндагийи андар замираш пайдо гашта боз хомўш шуд.
Ҳама хомўш буданд ва рафтори ин ду мардро таҳлил мекарданд дар мағзи хеш. Ва садойи шоҳи ҷавон ҳамаро ба худ овард;
— Бикушоед чашми табиби донишмандро! – ба сарбозон муроҷиат шуда буд.
Чашми Пирони табибро кушоданд. Ин бор ў ба давраву мардум ва тахту шоҳи ҷавон нигарист ва дарёфт, ки чӣ кўтоҳие дорад дар бовар карданҳояш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор