Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Боҳуй!
Дили Боҳуй бори дигар ларзид, ки чаро ин кўдак номи ўро беунвону берутба ба забон овард ва ин қадар ноҳурматона. Фоли нек нест.
— Бирав ба назди Пирони табиб!
Акнун на танҳо дили хоҷасарой, вуҷудаш биларзид. Вале чун ҳоло аз вазирийи боргоҳ нозил нагашта буд, аввал хешро гум кард ва баъд пурсид:
— Ин чӣ ҳукм аст, шоҳам?
— Бирав ба назди Пирони табиб!
Чун донист ҳукми подшоҳ қатъист, рў ба шоҳзан Гулгун овард:
— Шаҳбону, ин чӣ ҳукм аст?
— Шоҳ Аршак бувад, на ман!
Вазири маккор Боҳуй дасту дил бишуст аз зиндагӣ. Вале дар дил зорӣ кард аз худованд, ки умри дубора бидиҳад. Умри дубораро хоҷасарой на аз баройи зиндагӣ кардан талабид, балки аз дилаш гузашт, ки умрашро тўлонӣ гардонад, то аз шоҳзану писараш Аршак қасос биситонад.
Вале чун шоҳи ҷавон истодагарӣ мекард, хоҷасарой намедонист биравад зери дор, ҷойи Пирони табибро иваз бикунад ва ё шоҳи нодидаву беақлро сақат гўяд. Ў ба хулосае наомада ду сарбоз омаданд ва аз бозувони вазир дошта бурданд зери дор, боздоштанд паҳлўйи табиб. «Дар ягон тоҷгузорӣ чунин қурбонӣ нашуда» аз дил гузаронд Боҳуй ва шарм кард сўйи Пирони табиб нигарад.
Бегуноҳийи табибро донад, аммо гуфтан натавонад. Гуфтанист, вале медонад, ки гуноҳаш зиёда гардад, шоҳзан пирўз шавад ва шояд ўро дигаргуна ба қатл расонанд; шояд аввал пўст кананд, пасон овезанд.
— Чашмони табибро бикушоед!
Боҳуй нафаҳмид, ки амр ба кист. Кӣ бояд бикушояд? Ў ё сарбозон? Мунтазир биистод, то чӣ пеш ояд. Чун сарбозон ба кушодани чашми Пирони табиб даст набурданд, яқин кард, ки амр бар ўст.
— Ман бикушоям, шоҳам?
— Бале! – садойи шоҳи ҷавон чунон буд, ки бо хоҷасарой ҳарф заданро раво намедонад, аз ин рў овозаш базўр баромад.
Вазир Боҳуй паҳлў гашт, дастонаш меларзид. Бурд дастон сўйи чашми Пирони табиб ва гўё касе амр карда бошад, дастонаш дар ҳаво муаллақ монданд. Бигуморид, ки баробари боз шудани чашмон табиб сила мезанад рўйи ўро ва шоҳи ҷавон бозпурс мекунад асбоби силайи табибро ва хоҷасарой бояд посух бигўяд.
Агар нагўяд, Пирони табибро бозпурс мекунад, то сабаби сила задани хешро бигўяд.
— Сарбозон бикушоянд, шоҳам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор