Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Порсиҳо дар ҳузури подшоҳ дастҳойи худро дар остинҳойи дарози либоси худ пинҳон мекарданд ва бо ин амал нишон медоданд, ки дар муқобили подшоҳ озодӣ ба кор бурдани онҳоро аз худ салб мекунанд... Порсиҳо дар тарафи ҷодайи шоҳӣ қарор гирифта буданд ва мутаҳиддини онҳо дар ҷониби чап. Гардунаҳо низ ба тартиби фавқ; қисмате дар як тараф ва қисмате дар ҷониби дигар қарор гирифтанд.
Ҳамчунин ғуломон дарҳойи азими кохи подшоҳони қадими бобулиро гушуданд. Мардум бо камоли тааҷҷуб говҳойе дар ниҳояти зебойӣ тамошо карданд. Ин говҳо чаҳор ба чаҳор ошкор шуданд. Онҳоро баройи тақдим ба худованд Мардук ва баъзе дигар аз худоёне, ки рўҳониён таъйин карда буданд, баргузида буданд. Пас аз говҳо ба тарзи бошукўҳе тазйин шуда буданд асбҳойи муқаддасе, ки ба ифтихори Хуршед қурбонӣ мешуданд, дар ҳаракат буданд.
Пас аз асбҳо гардунае, ки асбҳойи сафед онро мекашид ва махсуси «Мардук» буд, дида шуд ва пас аз он гардуна Хуршед, ки ҷунбандае ҳақ надошт бар он қарор гирад, бо асбҳойи сафед дар ҳаракат буд. Дар паси ин гардуна ҷамъе бо машъал ҳаракат мекарданд. Саранҷом Куруш бар гардунайи бошукўҳ ошкор шуд, ки тоҷе аз ҷавоҳир бар он насб буд. Ў қабойи арғувонӣ бар тан дошт, ки ҳошияйи сафед дар миёни он буд ва танҳо ў метавонист чунин либосе дар бар кунад. Куруш галворе ба ранги қирмизи сурхфом дар бар дошт ва дастонаш аз остин берун буд.
Дар канори ў ронандайи гардуна, ки як тан порсе болобаланд буд, қарор дошт, вале андомаш аз андоми подшоҳ кўтоҳтар буд.
Ҳамин ки тамошочиён Курушро мушоҳида карданд, чунин шукўҳ, ифтихор ва зебоийи мардонааш дар онон муассир воқеъ шуд, ки бедаранг дар баробари ў саҷда карданд.
Пас аз он ки гардунайи Куруш аз кох хориҷ шуд, чаҳор ҳазор сарбози найзадор ҳаракат карданд ва ду ҳазор тан дар ҳар ҷониби гардуна қарор гирифтанд. Дар ҳудуди сесад ғуломи дарборӣ мусаллаҳ ба ханҷар ба дунболи гардуна дар ҳаракат буданд, пас аз он дувист асб, ки баройи Куруш тарбият шуда буданд, бо афсорҳое аз тилло ва рўпўше аз тасмаҳойи тавил ҷилав кашида мебурданд. Ва он гоҳ ду ҳазор сарбози мусаллаҳ бар ханҷари кўтоҳ аз даста баргузида ҳазор даҳнафарӣ дар қисматҳойи саднафарӣ ба фармондеҳӣ «гаризонтос» ошкор шуданд. Дар поёни ин саф тавили мутаҳиддини саворони мод, дастаҳойи кўмакийи (мураккаб) аз арманиҳо, ҳиркониҳо (мардуми Гургон), кодукиҳо ва сакоҳо пеш меомаданд ва дар дунболи онҳо дар гардунаҳойи бешумор ба фармондеҳийи як тан порсийи ба ном «Ортоботос»
дар ҳаракат буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор