Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хоҷасарой донист, ки шоҳзан ўро писанд накунад. Зеро манзарайи думаросима, ки дар ҳастийи инсоният гўё нашуда, гувоҳ бар он аст, ки шоҳзан ҷанг эълом карда бо вазир. Хоҷасарой усулҳойи аз варта раҳо ёфтанро хуб медонад, аммо ҳоло бо ин зан чӣ кор карданро намедонад. Ризоият дод. «Рой шуморо!» гуфт. Шоҳзан писанд накард. Тасмим гирифт, ки набояд суст ояд:
— Ман шуморо огоҳ карда будам, то кўтоҳандешӣ накунед, малика!
— Кўтоҳандешӣ аз ҷониби шумо шуд, хоҷасарой. Шумо бояд ба Пирони табиб чунин ҳукм намебаровардед ва ҳақ ҳам надоштед ба ин кор.
— Дониста бошед Малика! Боргоҳ аз они хоҷасарой аст, на аз они шоҳон!
— Ман инро медонистам, хоҷасарой... Инро Ох намедонист.
Ва Аршак низ намедонад. Мардум намедонанд. Чун маросими тоҷгузорӣ бигзарад, ман ба Аршак мефаҳмонам.
— Шумо донед... Вале маслиҳат нест, ки нисбати хоҷасарой фикри каҷ, нияти бад ва кина дошта бошед. Зеро агар хоҷасарой коре карда, ба ифтихори шумо ва баройи писари шумо Аршак карда.
— Бовар надорам.
— Бовар бикунед. Ва ҳоло вақти манша нест. Андеша бикунед, ки агар тоҷгузорӣ барпо гардад, кӣ бояд ба сари шоҳзода тоҷро гузорад?
— Модари ў бояд ин корро бикунад.
— Магар замони модархудойӣ бозомада?
— Модархудойӣ дар тамоми замонҳо буд, хоҷасарой. Куруши Кабирро низ модари модӣ зода.
— Ишора бар он аст, ки ҳукумати модҳо аз нав нумўъ кунад?
— На! Ишора бар он аст, ки хоҷасарой Моду Порсро ду шоха ва ду раг медонад. Ман эшонро ҷудо нахоҳам кард.
Вазир Боҳуй сукут кард. Пасон ба фикр рафт, ки бо ҳарифи мард рў ба рў шудан осонтар аст аз он ки рў ба рў бо ҳарифи зан бошӣ. Зеро Куруши Кабир Машриқу Мағрибро дар тасарруфи хеш даровард, номи Зулқарнайнро бардошт, шоҳаншоҳ гашт... оқибат аз дасти зан – шоҳи масагетҳо Томирис кушта шуд. Томирис чун писарашро Куруш кушта буд, ба қатли Зулқарнайн қаноат накарда аз хуни сарбозони порс хумро пур кард ва сари буридайи Курушро бар он андохта, пахш кард ва фармуд: «Акнун сер бишав аз хуни одамӣ!» ва аз дил гузаронд хоҷасарой: «Ҳазлу шўхӣ кардан бо ин ҷинс кори оқилон нест».
— Бону! Худойи бузург Аҳура Маздо фармояд ва мо донем, ки тоҷу тахт насиби шумост. Вале дар чунин вазъу ҳол тоҷи шоҳӣ бар сари шоҳзода Аршак ниҳодан эътибори ўро баланд нахоҳад кард.

пешина
аз 390
навбатӣ