Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мардум ба ҳарфи войиз гўш надода ғалмағал карданд; ҳамдигарро китф зада, тела дода, пеш мегузаштанду паҳлў, баройи дурусттар дидан. Фақат як садо омад аз миёни анбўҳи мардум:
— Чун подшоҳ нест, ҳукм норавост!
Ва садоҳо боло шуданд. Тўда ҷунбид, мавҷ зад. Яқин буд, ки селобе ҷорӣ гардад ва шўяд ҳамаро: неку бадро, ки ҳама ҳолиё яксон бошад.
— Чун подшоҳ нест, вазири боргоҳ метавонад ҳукм барорад!
– посух дод Боҳуй.
— Подшоҳ нест, валиаҳд дорад, – пештар омад Гулгун.
— Кӣ фармуда, ки шоҳзан ширкат кунад дар ин маросим?
– ғазаб кард Боҳуй.
— Ман ба маросими шумо наомадаам, хоҷасарой... Ман ба маросими тоҷгузорӣ омадам. Ардашери III бенасаб ва бенасл нест.
Шоҳзода Аршак писари ўст. Бояд бипазирад тоҷу тахти дудмони Ҳахоманишиёнро!
Як лаҳза ҳама ва ҳама ҷо ором ва хомўш буданд чун мазору мурдагон. Вале вазир Боҳуй меандешид бо худ. Ҳарчанд кина гирифта буд ба малика, ҳувайдо накард, балки мардум, сарони давлатро аз назар гузаронд. Ҳеҷ гоҳ чунин зиёд наомада буд мардум ва чунин гирифтарўҳу пурандўҳ набуданд онон. Ҷониби малика китф дарҳам кашид. Малика эътибор надод. Хоҷасарой чун хешро шахси аввал мепиндошт, чунон бигуморид ва рў овард ба малика:
— Малика, нигаред, мардум гиря доранд, ба маросими доркашӣ омадаанд, агар ба маросими тоҷгузорӣ омаданд, хандон буданд.
— Асбоби гиряйи эшон дигар, аст хоҷасарой. Онҳо гирёну гирифта аз он рўянд, ки аз тухмайи Ҳахоманишиён касе намонда...
ба ҷуз Аршак... Ва халойиқ андеша доранд, ки оқибату анҷоми давлатдорийи чунин давлати бузург то куҷо расад. Магар Ҳахоманишиён бо дасти хеш гўрашонро мекананд ё бегонагон? Ба вижа Боҳуй барин хоҷасарой сари кор бошад?
Хоҷасарой парешон гашту беқарор. Натавонист посух бидиҳад. Балки хаёлан набард кард бо Гулгун: гардани ўро тофта сарашро чун себча канд... ўро пеши пойи пилон андохт... ба думи асб бубасту тозиёна зад ҷонварро... Ва Аршаки ўро пеши сагони одамхор партофт, чун пиразане, ки Курушро пеши сагони кўҳистон, то вопасин намояндайи тухмаву дудмони Ҳахоманишиёнро бибалъанд. Ва ба сараш зад, ки сагон ўро бузург кунанд, чун Куруши зулқарнайн оламгир гардад, шоҳзан Гулгун қиссаҳоро бар ў хонад, вазирро бикушад. Ба худ омад:
— Эй малика! Рой шуморо!
Малика аз садойи ларзони вазир дарёфт, ки найранг аст ҳарфи ў, посух надод. Балки нописандона рўй тофт. Ҳамчунон ки чӣ гузаштан аз дили хоҷасаройро медонист.

пешина
аз 390
навбатӣ