Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Наздик омадани хоҷасарой ғаши ўро овард. Намехост бо ў ҳарф задан. Вале медонист, ки чун шоҳ нест, инони рўзгору давлатдорӣ дар ихтиёри вазир Боҳуй аст. Ва садойи хоҷасарой гўйӣ ўро ба худ овард:
— Аминам, ки малика ҳама чизро дарку фаҳм карданд ва ба шоҳзодайи асил хоҳанд фаҳмонд.
— Ҳамин тавр, хоҷасарой! – беихтиёр посух дод шоҳзан Гулгун.
БаНди ДУВОЗДАҲУМ
Дар радифи гўрҳойи кўҳнаву бистсолайи бародарон – Ардашерон, дар паҳлўйи гўри падаршоҳ Ардашери II дахмайи Ох-шоҳ Ардашери III низ баланд шуд, ки шуморайи қабрҳоро ба як саду ҳабдаҳ расонд. Миёни гўрони шоҳону шоҳзодагон як гўри зиёда буд, ки ҷуз Гулгун касе намедонист, ки гўри кист. Он вақт, ҳангоми дафни бародарон гўркобҳо як саду понздаҳ шоҳзодаро ба ҳисоб гирифта хамин қадар қабр канданд; баройи Ох низ. Ва тифлакони пеш аз Фоҷиайи Бузург фавтидаро аз гўрҳойи шомӣ ба ин ҷо оварданд, ки ягон гўри холӣ намонд. Ва он вақт аз обшикани канори Дарбанд мурдайи дигареро пайдо карда буданд, ки аз бесомонӣ дар қатори мурдаҳойи шоҳзодагон дафн шуд. Ин майит Сосони ҷосус буд, ки пештар шоҳзода Ох «моҳидорӣ» фиристода буд ва ў дар гўри баройи шоҳзода Ох кофтайи гўркобон мехобид. Шоҳзан Гулгун ин қиссаро аз забони палонҷҳойи ҳолдон шунида буд ва касе ҳадд надошт, ки дар аҳди шоҳ Ардашери II ва писари ў шоҳ Ардашери III асрор ҳувайдо созад.
Ва дере нагузашта ҳамрадифи гўрҳойи қатор дорпояе баланд шуд. Дар ин соати хайрбод мардум зиёдтар омада буданд нисбати маросими дафни шоҳону шоҳзодагон. Ҳанўз ки ба ҷойи шоҳ Ардашери III шоҳи тозайи Порс ҷулус накарда буд ва бо ҳукми вазир Боҳуй «гунаҳгор»-ро зери ҳалқайи дор оварда буданд, садоҳойи пасти миш-мишу гўш ба гўш авҷ мегирифт ва тўда ба ҷунбиш меомад, чунон ки ҳалқайи дор. Ҳалқайи дор аввал ҷунбид, пасон алвонҷ хўрд. Гўйӣ мори ҳалқазада ба дум кашол гашта, аз ангези чизе ба ҳаракат даромад. Баъд бод вазид. Алвонҷ дод ҳалқайи дорро... Вазир Боҳуй, ки ҳукм бар қатли «гунаҳгор» бароварда буд, пеш омад ва рў ба ҳозирин овард:
— Ҳозирини мўҳтарам! Дар аҳди Ҳахоманишиён кам рух дода, ки гунаҳгорро пеши чашми ҷамоъа дор кашида бошанд. Агар касе гуноҳи кабира карда бошад, бо ҳукми шоҳони ҳахоманишӣ ба чунин ҷазо маҳкум карда мешуд. Ин гўрҳойи қаторро, ки мебинед, ба гуноҳи чунин табибони бемурувват аз хок дамида...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор