Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Зеро дар тоҷгузорӣ шоҳони дигар кишварҳо, сатрапҳойи вилоятҳо, аъёну ашроф, сипоҳу сипаҳсолорон ширкат варзанд, чунон ки дар аҳди Куруши Кабир.
— На, хоҷасарой! Мувофиқтарин лаҳза ҳоло ҳозир аст...
Шоҳзан Гулгун ташна бар тахту тоҷ набуд ва тоҷгузориро муҳим намедонист. Муродаш ин буд, ки шоҳ Аршак корро аз доду адл оғоз кунад. Муродаш ин буд, ки чашмони бастайи Пирони табиб боз гардад ва ў бори дигар дунёйи рўшанро бубинад.
Шоҳзан аз раъю ройи хоҷасарой сарфи назар кард. Ба ишорайи шаҳбону сафи тамошобинон ду дарид ва сарбозони найзабадаст, ки ғилофҳойи холиашон рўйи рони рост ҳангоми гом задан меларзид, аз долони зинда қадамзанон ба майдони «набард» ворид шуданд. Ду нимдойира гашта, дойирае сохтанд; хоҷасарой ва дору гунаҳгор дар ҳалқа монданд. Осемасар шуд вазир Боҳуй ва дод зад сўйи шоҳзан Гулгун:
— Шаҳбону! Ин чӣ кору рафтор аст!?
Гулгун дасти ростро, ки остини дарози куртайи сиёҳи азо мепўшидаш, боло кард ва бо маънийи «осуда бош» афшонд, то хоҷасарой ором бошад. Вазири дарбор қаноат накард, пеш омад, то сафи сарбозонро бурида дарояд, вале сипоҳиён роҳ ба гузар надоданд. Чизе аз вуҷуди хоҷасарой фурў рехт, хаёлаш дилаш пеши қадамаш лағзид. Як лаҳза мурд хоҷасарой. Ҳама чиз ба нестӣ гашт. Чун зинда гашт, дарёфт, ки чӣ осон будааст мурдан. Дигар андеша дар сар надошт. Чун ба худ омад, донист, ки ҳама кори ҷаҳон беҳуда. Сўйи шаҳбону дерёз нигарист ва дид, ки касе парвое ба мурдайи ў надорад. Ҳатто касе намепурсад, ки чӣ шуда бо ў.
Мурдану зинда гаштани ў чунон зуду тез гузашт, ки ҷуз вуҷуди худаш касе пай набурд. Ва ҳоло касе аз ҳозирин чун ў надонад, ки чӣ андоза ширин аст ҷон, магар Пирони табиб.
— Шаҳ... бону! Шаҳбону! Шаҳбону! Агар хоҳед, ки Пирони табибро накушем, раҳояш мекунам...
Чун шаҳбону пирўзиашро яқин донист, гардан фароз гирифт ва аз дил гузаронд сарбозонро фармояд, то ҷойи вазирро иваз кунанд бо Пирони табиб. Вале натавонист ин ҳарфу фармонро бигўяд, сукут варзид ва худ ба худ дилаш сих зад. Биандешид, ки агар чунин кор шавад, маросими тоҷгузорӣ вайрон гардад.
«Душманро куштаанд бо шакар». Ба хулосае омад ва кордор нашуд ба вазири ҳайрону тарсу. Балки ишора кард ба паҳлў, то тахти равон биоваранд. Бибурданд тахти равон андар дойирайи сарбозон. Ниҳоданд рў ба хуршеднамо, дуртар аз ҷое ки вазир Боҳуй карахту гирифта буд.
Пасон сипаҳбадон Аршаки ҷавонро ҳалқа гирифта ворид гаштанд ба дойира, бурданд шоҳзодаро назди тахт. Ва як пири кор
– мўъбаде, ки тоҷи муҷалло бар ташти заррин медошт, низ омад ба давра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор