Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Хубтарин даво, шоҳам, хушбўву хушлаззат, бўйи гулоб низ дорад.
— Чаро ман нашунидам бўйи гулобро? – гуфт шоҳ ва гом зад он сў. Чун рўяш тофта буд, фурсат ғанимат дониста вазири маккор нигин бар обгина таконд ва гоме аз обгина дур шуд. Чун шоҳ Ардашери III рў ба ин ҷониб тофт, вазир Боҳуй мўйлаб ва риши хеш каф мезад, ки гўйӣ тоза кунад аз қатраҳойи даво. Дигаргуние дар ранги ў буд, аммо ришу мўйлаби анбўҳаш пинҳон медошт.
Чун шоҳ гом зада наздик омад, гуфт:
— Шоҳам, ки аз ин даво нахўрдаанд, аз куҷо донанд, ки бўйи гулоб кунад ё на?
— Чаро, хўрдам, хоҷасаройи бузург.
— Табиб рўзе чанд бор фармуда хўрдани ин даворо?
— Рузе се бор, хоҷасаройи бузург.
— Табибон хубтар донанд, шоҳам, лекин ман гумон мекунам, кам аст. Чунин давойи беназирро одами сиҳҳат низ бояд бихўрад.
Чун безиён аст, ақаллан баройӣ бўйи гулобаш бояд бихўрд, – фармуд вазири маккор ва гоме паҳлў ниҳод, то даҳони бўтал бубандад.
Бўтал бардошту биҷунбонд, пасон машғули бастан шуд!
— Набандед хоҷасаройи бузург!
Хоҷасарой шах шуд, ки ҳоло шоҳ мефармояд ҷоми дигар хўрдани даворо.
— Бирезед ба ҷом!
Хоҷасарой пиндошт вопасин лаҳзаҳойи умраш монда, муддате пас чун падари шоҳи ҳозиру нозир шоҳ Ардашери II дар пояйи тахти ҳахоманишиён пой дароз хоҳад кард. Даво ба ҷом мерехт ва дидаву кардаҳояш чун ин моеъ бори дигар дар хотирааш шорид ва қатраҳойи охиринаш ба хун табдил ёфт.
— Рехт! – садо дардод шоҳ ва вазир Боҳуй ба худ омада сохта табассуме кард:
— Ин паймонайи пурро ман мехўрам, шоҳам!
— На, хоҷасаройи бузург, шумо ҳаққатонро хўрдед.
Аз ҷон хуштар вазир ҷоми моломоли даворо ба шоҳ дароз кард:
— Ба нияти шифо!
Шоҳ сўйи хоҷасарой таъзим овард ба ишорайи сар ва даво ба ҳалқ рехта як қурт кард.
Вазири маккор лаъличайи паҳлўйи обгинаро бардошта пеш бурд, то шоҳ ҷом бар он гузорад. Ҷом аз дасти шоҳ фитод. Шоҳ Ардашери III чун падар шоҳ Ардашери II дар пояйи маснади шоҳони ҳахоманишӣ биафтод ва дасту пой мезад чун гўсолайи сарбурида.
Вазир Боҳуй чунон баромад аз дар, ки касе воқиф нашуд...
Пирони табибро дар ҳолате дарёфтанд, ки гўш бар синайи шоҳ Ардашери III ниҳода, ҷон доштан ва ё надоштани ўро месанҷид.

пешина
аз 390
навбатӣ