Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— На. Оддӣ... то одат ва бовар кунад.
— Оё дер намешавад?
— Агар бовар кунад, дер намешавад. Агар шаку шубҳа кунад, дер мешавад.
— Зинда бошед, табиби донишманд. Фардо аз натиҷа маро огоҳ кунед. Ҳоло биравед, то касе шуморо набинад.
Пирони табиб бурун рафт аз дарвоза ва хоҷасаройи бузург аз дари хурд.
Пирон гумон надошт, ки чунин осон раҳо меёбад аз дасти вазири маккор, ки хубтар аз табиб касе найрангҳойи ўро намедонист. Табиби ботадбир умедканда аз зиндагӣ ба назди вазир омада буд, вале чунон озоду осуда ба хонааш баргашт, ки бовараш намеомад. Ба назараш найранге метофт, вале сабр дошт, то чӣ анҷом пазирад...
Вазири донову маккор Боҳуй аз дарбачча бо умеду орзуҳойи бузург бадар рафт ва дар боргоҳ ҳозир шуд.
Ў баройи он табибро ташвиш надод, ки агар кораш барор нагирад, қурбонаш хоҳад кард.
— Шодбош мегўям шоҳи Порс Ардашери III-ро!
— Зинда бошанд, хоҷасаройи бузург! – чунин фармуд шоҳ ва бархосту пеш омад, бағалкаш вохўрданд, ки солҳо надида бошанд.
— Тандуруст ҳастанд шоҳам? Ба табиб ниёз надоранд?
— Омада буд табиб... Хоҷасаройи бузург чӣ ҳол доранд?
— Хуб. Аз давлату марҳамати шоҳам комронӣ дорем... Табиб чӣ давое фармуд шоҳам?
— Давойи хуб, – ба обгина ишора кард ва идома дод: – гўё сармо зада.
— Ва шоҳам ба вазири дилсўзашон бовар надоранд...
— Чаро?!
— Гуфтам, ки сармо зада.
— Оре, гуфтед... Ҳама суханони шуморо ба гўш ҳалқа кардаам, хоҷасаройи бузург. Шумо ҳастед, ки мо ҳастем.
— Қурбони шумо, – минатдорӣ бикард вазир ва даст ёзида обгина бигирифт ва такон дод, ба ранги хирайи он нигарист, пасон ба қадаҳ гардонд: – Ман низ худро ноҷўр эҳсос мекунам, мисле ки сармо кашидаам. Агар шоҳ иҷозат фармоянд...
— Бифармоед!
— Баройи сари бедарди шоҳ!
Гуфту ба сар кашид ҷомро. Шоҳ табассум кард. Вазир Боҳуй баъди ошомидани даво, фурсате нафас дар сина боздошту таҳаммул кард, ки заҳр нахўрда бошад. Сипас хешро зинда дарёфта табассум кард чун шоҳ ва даҳон кушода хандид, то шоҳ соф будани даворо донад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор