Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Моро гуфтанд, шуморо бубарем, на ҳарфро. Агар мегуфтанд «сарро биоваред», сарро мебурдем. Лоилоҷ бояд бубарем.
Саркашӣ кард табиб. Дастонаш тофтанд ва бурданд. Пирони табиб биандешид, ки хубӣ надорад кирдор. Ва дар фикри он буд, ки чӣ бигўяд бо вазир. Ва агар шоҳ Ардашери III огоҳ гардад аз рафтори ў – зўран бурданаш ба назди хоҷасарой, чӣ бояд бигўяд.
Чун рў ба рў шуданд, хоҷасарой ришак кашид беихтиёр ва маънидор сўйи ў нигарист. Пасон кинояомез пурсид:
— Магар коре шуда бо табиби донишманд?
— На, хоҷасаройи бузург, коре нашуда... шарманда ҳастам пеши шумо.
— Худо нигаҳ дорад аз шармандагӣ. Душманон шарманда бошанд.
— Шарманда ва гунаҳгор ҳастам пеши шумо, хоҷасаройи бузург.
— Ҷурмаш чист?
— Ҷурм ин аст, ки шоҳ даворо нахўрда, балки ба замин рехта...
Чун вазир Боҳуй дарёфт, ки шоҳ Ардашери III аз табиби хоса низ барҳазар аст, сар андохт ва гом бар мафраш зад, то илоҷе пайдо кунад.
— Илоҷ чист? – ғайриихтиёр пурсид Боҳуй ҳама кинаву қаҳру ғазабро фаромўш карда.
— Илоҷ ин аст, ки бояд бо аҷали хеш бимирад.
— Ва баройи ҳамин ғайб задӣ! – ба ғазаб омад вазири маккор ва шўрид: – То он рўз на ту мониву на ман!
— Чун бошад?
— Шоҳ Ардашери III сари ҳамаро хўрад... Касе, ки бародаронро шафқат накард, бар падар хиёнат кард, магар раҳм бар мо кунад?
— Гумон надорам, ки шоҳ Ардашери III то ин андоза хунхор бошад...
— Бале, табиби донишманд, касе гумон надорад, вале фузунтар аз он ки мо гумон дорем!
Пирон хомўш монд, то вазир Боҳуй боз чӣ гўяд. Ў низ хомўш буд, то табиб чӣ фармояд. Ҳарду ба фикр фурў рафта буданд:
Боҳуй фикр мекард, ки табиб роҳи фаноро хубтар ва зиёдтар донад; Пирон андеша дошт, ки минбаъд шоҳро чӣ даво кунад.
— Роҳи бозпас нест, табиби донишманд!
Аз хулосайи ногаҳонӣ ва қатъийи вазир дар ҳайрат монд табиб ва карахт шуд. Пасон лоилоҷ гуфт:
— Дар як зарфи даҳонбаста давое гузоштам. Хўрад ё нахўрад?
— Аз давоҳое, ки «зарур» аст?

пешина
аз 390
навбатӣ