Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фармуд: – Такрор бикунед, табиби донишманд.
Агар суд набахшад, давойи дигар мефармоед.
Пирони ҳаким обгинайи даҳонбастаро бурун овард аз анбон ва шоҳ Ардашери III бидид, ки ранги моеъ ба он монад, ки дар обгинайи аввал буд. Табиб даво ба ҷоми заррин бирехт, то шоҳ ошомад. Шоҳ, ки эътимод бар ў дошт, ба сар кашид ҷомро, қулт бурд моеъро. Фурсате ором бимонд ва диққат бидод, то чӣ пеш ояд. Дар роҳи нафас, даҳону забон ва мағзу ҳуши ў дигаргуние набуд. Гўйӣ имтиҳон хуб гузашт. Табассум кард сўйи табиб Пирон. Табиб обгинаро бар курсийи назди тахт гузошт ва рухсати рафтан пурсид. Ҳанўз табассум дар лабони шоҳ нашикаста буд, ишорайи сар кард, то бадар шавад табиб.

БаНди ЁЗДАҲАУМ

Пирони донишманд миёни обу оташ монда буд. Чун некдил буд, натавонист бадкорӣ бикунад. Вале медонист, ки андар қабзайи, вазир Боҳуй омада ва раҳо ёфтанаш амрест муҳол. Ў бо вазир паймон баст, вале бишикаст паймонро. Аз ин рў ба девони вазири боргоҳ нарафт, балки бурун рафт аз қалъа. Ва итминон гирифт дигарбора барнагардад ба диж. Вале чун ба табобати беморийи дурўғини шоҳ Ардашери III пардохта буд, лоилоҷ монд, то чӣ бикунад. Зиёд андешид, ки мутеъ шавад ба хоҷасарой ё даст аз ҷон бишўяд? Заҳре, ки ба шоҳ бояд бидиҳад, худ бояд бихўрад. Он гоҳ хоҷасарой аз фарзандони ў қасд биситонад ва ҳамаро яксара бикушад. Андешаҳояш кора кард ба ҷону равонаш.
Сарбадард шуд. Илоҷ пайдо гашт: чун баҳорон буд, нону анбон бигирифт ва сар ба кўҳсор зад, то баҳонае бошад. Агар вазир даъво бикунад, баҳонайи давойи шоҳро пеш меорад, ки фалон гулу фалон гиёҳ зарур шуд, ки набуд. Пирони табиб чанд рўз овораю девона дар кўҳсор айём ба сар бурд... Ва чун баргашт, расонданд, ки вазир Боҳуй пайк фиристода. Тааҷҷуб кард, ки чӣ пеш омада, ҳарчанд медонист саросемагийи вазирро. Маълум набуд, ки вазир аз ваҷҳи шоҳ ташвиш кашида ва ё баройи кори хеш кас фиристода. Мунтазир шуд Пирони табиб, ки зарурат бошад, фиристода боз меояд.
...Ва фиристода омад. Пирони табиб ҳамроҳи ў нарафт. Буднабуд ҳамдидорӣ бо вазири маккор хушӣ наёрад. «Шармандайи ду олам мегардам... Пеш аз шармандагӣ бадрўд бояд гуфт бо зиндагӣ». Бо чунин ният фиристодаро посух дод:
— Фардо равам назди вазир. Имрўз вуҷудам озурда аст. Фикр мекунам, бойиси малоли хотири хоҷасарой гардам.
— Инро шумо бо мо нагўед, биравед ба худашон гўед. Мо фармонбардор ва сарбозем. Он чӣ фармоянд, иҷро кунем!
— Бигўед, ноҷўрӣ дорад, фардо меояд.

пешина
аз 390
навбатӣ