Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Ин ҳарфҳо лозим нест, хоҷасаройи бузург. Агар Ох ба ҷое расида, бо кўмак ва раҳнамоийи хоҷасаройи бузург расида. Шоҳ қарздор аст аз вазир. Аз ин рў дастпарварди хоҷасаройи бузург набояд аз гуфтайи вазири доно сар кашад.
— Сарфароз ҳастам, шоҳам. Агар фикри нав лозим бошад, табиби озмуда беҳ аз ҳакими н-озмуда.
Пазируфт шод Ардашери III чунин пешниҳодро ва бо дастури вазири маккор Боҳуй рўзи дигар табиби хосайи шоҳ Пирон ҳозир шуд ва муойина кард шоҳ Ардашери Ш-ро: пилки чашмони ўро чаппагардон бидид, забонашро хабар гирифт, гўш бар сари синааш гузошта, нафасгириашро диққат дод, набзашро санҷид.
Андаке худро пас кашида ба ранги рўйи шоҳ нигарист ва сар такон дод.
— Чӣ шуда? – ваҷоҳати табиби хосайи шоҳро дида пурсид шоҳ.
— Чизе нашуда, шоҳам. Ҳама хуб. Танҳо андаке сармо кора карда. Чунон ки ман донам, ҷойи сармохўрӣ набуд. Ҳатто дар сафари Миср ҳам. Аз куҷо, шоҳам?
— Шояд аз он ки бо бародарон ба Аровандрўд афтида будам?
— Шояд. Лекин хавфе надорад. Мизоҷи шумо гарм аст, бояд ин таъсирро рафъ кунад. Вале бепарво набояд буд. Агар ба шуш кора кунад, хуб нахоҳад шуд... Шоҳ иҷозат фармоянд, то даво созам.
— Бошад...
Ва Пирони табиб аз гулу гиёҳ даво бисохт.
Рўзи аввал шоҳ Ардашери III даворо ба замин бирехт. Ҳеҷ аломати нохубӣ надид. Рўзи дуввум даворо ба ҳалқи гурба андохт, тағйироте ба вуҷуд наомад. Рўзи саввум даворо ба чашми саг пошид, осебе наовард. Рўзи чаҳорум Пирони табиб муойина кард шоҳро ва китф дарҳам кашид. Аз чунин рафтори ў шоҳ Ардашери III дар ҳайрат монд ва пурсид:
— Чӣ тааҷҷуб доред?
— Беҳӣ нест... чунон ки даворо истеъмол накарда бошед.
— Чӣ гуна бояд мешуд?
— Хиш-хиши роҳи нафас ва омоси сари шуш бояд рафъ мешуд... Шоҳо, шуморо чандон сармойи сахт нарасида... Давое, ки додам, санҷида буд, чаро таъсире надорад? Магар дарку эҳсос намекунед, ки таъсири сармо сахт аст?
— Оре, эҳсос мекунам.
— Пас, даворо дигар бояд кард.
— На. Бори дигар такрор бикунед! – шоҳ пиндошт, ки даво дуруст буд, агар мехўрд, табиб дар вуҷуди ў дигаргуние дармеёфт.
Аломати беҳиро медид. Чун даворо истеъмол накард, дардаш якранг бимонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор