Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ҳайрон монд шоҳ Ардашери III ба ҳарфҳойи хоҷасаройи бузург, ки ҳеҷ гоҳ чунин якравӣ ва илтиҷо надошт. Чаро чунин кунад имрўз? Гуфтаҳойи завҷааш Гулгун ёдаш омад, ки дар борайи дўсту душман гуфта буд. Хоҷасаройро ёд оварда буд. Ўро шинохтан ва ё нашинохтани хоҷасаройро таъкид карда буд. «Чӣ зарурат пеш омада, ки хоҷасаройро ғами тандурустийи ман гирифта?» Рад карданӣ шуд гуфтаҳойи вазирро, вале худдорӣ кард ва баройи имтиҳон пурсид:
— Хоҷасаройи бузург кадом табибро тавсия мекунанд?
— Шоҳи замон кадом табибро ба мизоҷи худ наздик донанд.
Шоҳ Ардашери III боз ба фикр зад ва номаълум сурфид. Вазир ба назар як қад парид ва рў овард ба шоҳ:
— Чӣ сурфаест? Гулў равшан кардан ё таъсири сармост? – хешро дилсўз вонамуд вазир.
— Фарқ накардам, шояд таъсири сармо ҳам бошад... Вале аз он айёми «обварзӣ» вақти зиёд гузашта.
— Бале, шоҳам, лати тифлӣ дар пирӣ аён гардад.
— Оре, бузургтарин илм таҷрибайи рўзгор аст, хоҷасаройи бузург.
Гўйӣ таслим шуд шоҳ Ардашери III. Вазири доно Боҳуй пай бурд ин ҳолатро ва хомўш монд, то шоҳи мағрур худ ба забон ояд.
Шоҳ, ки то алвақт ба ҳурмати хоҷасаройи бузург сари по буд ва гом мезаду ишора кардани вазир аз ёд рафта буд, бинишаст ба маснади хеш ва гўйӣ тан дода ба Боҳуй фармуд: «Ҳар чӣ хоҷасаройи бузург фармоянд ва раво донанд». Ҳама хидматҳойи хоҷасаройро, асрори нигаҳ доштани ўро, тахту бахт бахшиданашро ёд оварда чунон гуфт. Аммо Боҳуй дарёфт накард, ки ин ҳарфи ризоият буд ва ё рухсати рафтан. Музтар бимонд ва чашми мулўҳ сўйи шоҳ дошт, то боз чӣ фармояд. Шоҳ низ нигарон буд, то вазир чӣ фармояд. Манзара манзарайи рў ба рў омадани хирсу сайёдро мемонд ва гўё бурду бохт ба нерў ва бардошти чашм вобаста буд.
Вазир Боҳуй чунин саҳнаву муродро дарёфт ва қасдан мижа зада бозиро бохт:
— Табиби хосайи шоҳам Пирон ҳозир гардад ё шоҳ Ардашери III табиби дигар хоҳанд?
— Ҳар киро хоҷасаройи бузург раво донанд.
— На. Ба ҳар шоҳ маслиҳат додан осон аст, вале бо шоҳ Ардашери III кор саҳл нест. Зеро агар шоҳоне бо амри тасодуф ва ё чун меросхўр ва ё ворис ба шоҳӣ расида бошанд, шоҳзода Ох бо меҳнати зиёд, бо машаққати ҷонгудоз, бо ирода, корнамойиҳо ва нияти нек ба тахти бахт нишаста. Ин чизро шояд шоҳ Ардашери III қадр накунанд, вале хоҷасаройи он кас қадр кунад ва донад, ки рўзе рўзгори шоҳ Ардашери III афсона хоҳад шуд чун рўзгори худоён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор