Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Чун дар толори пазиро ҷуз ҷасади ёзида ва табиби музтарибҳол касе набуд, табиби ҳозиқ чӣ пеш омаданашро дарёфта тан ба тақдири ҳақ дода буд. Мазмун, обгинайи воздаҳон, қадаҳи афтода, ҷасади хуфта гуноҳ бар дўши Пирон бор мекард. Вале ў ҳанўз дарнаёфта буд, ки шоҳ аз давойи ў мурда ва ё чизи дигар. Ҳарчанд аз омадани дарбориён, сарбозон, қаринон, Гулгуну Аршак огоҳ гашта буд, намеёрист аз сари ҷасади пойёзидайи шоҳ Ардашери III бархезад. Ў ба тақдир тан дод. Сар бардошта ба ҳозирин нигарист. Сухан гуфтанро сарборӣ медонист, ки касе ба суханаш гўш надиҳад ва бовар накунад. Балки нигарист ба обгина. Ранги даво дигар дид. Ба назараш меҷўшид моеъ ва ҷигари лахт-лахтро мемонд. Дарёфт, ки коре шуда. «Наход даво гандида бошад?» ў бархоста даворо гирифта диданӣ буд, вале пойҳояш бемадор гашта, қуввати хестан накард. Имдодталабона ба Аршак нигарист.
Аршаки ҷавон маънийи нигоҳи ўро сарфаҳм нарафта, якбора сўйи табиб тохт ва дарафтид ба ў:
— Куштӣ падарамро!!!
Магар сарбозон ба чунин ишора нигарон буданд, ки дартоз омаданд, шоҳзода Аршакро ҷудо сохтанд; дастони Пирони табибро пушт гардонда ба по рост карданд. Вале Пирони табиб ба по рост истода наметавонист.
Ин замон вазир Боҳуй пайдо шуд ва воқеа дида худро бар ҷасади шоҳ андохту фарёд зад:
— Шоҳам! Шоҳам! Чӣ шуд бо шумо!?
Чун посух нагирифт, сар бардошт, бархест, омад назди сарбозон, ки табибро медоштанд ва рў овард ба Пирон:
— Ин чӣ марги муфоҷот аст, табиби донишманд?
— Ман чизе пай набурдам, хоҷасаройи бузург. Мисле ки касе ба кох дохил шуда ва ба даво заҳр омехта ва ё даво худ аз худ гандида...
— Магар Сосони ҷосус даромада ба кох?
— Наа, хоҷасаройи бузург! – пеш омад Гулгун. – Сосони ҷосус аз зери хок барнахезад. Ин кори ҷосусони дохилист. Шоҳ Ардашери III медонист, ки Сосони ҷосус мурда ва дар бари бародарони ў хуфта. Қотил аз осмонҳо наҷўед.
Вазир Боҳуй фарохтар кушод чашмонашро. Нигарист ба шоҳзан. Ҳайрон буд, ки аз куҷо донад чунин ҳарфҳоро.
— Пас киро гунаҳгор бояд кард ба марги шоҳ Ардашери
III?
— Онеро, ки роҳ бар маснади шоҳӣ дошт!
Вазири донову маккор ишорайи шоҳзанро пай бурд ва пеш омад:
— Малика иҷозат бидиҳанд, то асбоби марги шоҳ Ардашери III омўхта шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор