Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

зани шавҳарнадидайи падар Гулгунро ба занӣ хост. Баъди марги шоҳ
1 Ардашери II амнисниҳо Гулгунро номуборакқадам хонда буданд.
Чун падари Гулгун ба ҷашни арўсийи духтар наомада буд ва дар шаби аввал фоҷиа рух дод, Гулгуни ба ном шоҳзан натавонист баргардад ба Арманшаҳр. Чун шоҳи ҷавон Ардашери III аз ҳусну ҷамоли малика огоҳ гашта буд, дар вуҷудаш оташи ишқ лух гирифт ва нахост сайди ба дом омадаро раҳо созад. Хоҷасарой Боҳуй аз нав ҷон гирифт дар сарой ва баройи сомон ёфтани нақшаҳойи шоҳи ҷавон ёвар буд.
Шоҳи навҷулус Ардашери III базми арўсийи Гулгунро на чун падар шоҳ Ардашери II дар толори тараб, балки андар толори пазиро гузаронд ва фарру шукўҳи базму сури ў дигаргуна буд.
Толори пазиро фароху чилчароғ метофт, вале базму тараб як пардайи ғусса дошт. Хоҳарони Гулгун чун базми аввал рақсу бозӣ намекарданд, балки дар пояйи авранги арўсӣ чун мурғакони сармозада гардан миёни шонаҳо фурў кашида менишастанд; як мусаввирайи зиндайи пурғаму ғусса пеши назар буд.
Шодон буд шоҳи ҷавон, ёд аз падар намекард, бими бародаронро надошт, ки ҳама фавтида буданд. Дилҷамъу бепарво буд, ки меросхўру мансабталаб ҷуз худаш касе нест. Ва оне, ки панҷайи ўро битобад, нопайдост. Танҳо Сосони ҷосус ёдаш меояд. Пиндорад, ки зинда. Ҳамаро бинаду озмояд ва рўзе ба сари ў об хоҳад рехт.
Андар қиёми базм сардие аз вуҷудаш гузашт, лаҳзае дилсард шуд аз рўзгор. Вале ин лаҳза, ки ғайриихтиёри ў буд, зуд даргузашт ва ёде аз сипаҳсолор кард, ки агар хоҷасарой илоҷашро наёфта бошад, рўзе чун саг ба ў хоҳад дарафтид. Шоҳи ҷавон хаёлҳойи мағшуш аз сар дур андохтан мехост, зеро дар дилу дидааш ба ҷуз Гулгун касе ё чизе ҷой надошт. Вале чун Гулгун худро мойиндари ҷавон медонист, намехост чунин рўз ба сараш омада бошад. Ба ин беномусӣ малика шуданӣ набуд ва умед дошт, ки ҷавонмарде пайдо гашта ўро аз ин чоҳи гандидайи бадбўй хоҳад баровард.
Дар ҷангҳо шуда, ки шоҳ зани шоҳи дигар гирифта, вале нашуда, ки писар зани падар гирифта. Буда, ки хоҳарон ба занӣ гирифта, набуда, ки модарон гирифта... магар тасодуф… Аҳура Маздойи бузург нигаҳбон бошад!
Сари хам дорад Гулгун, вале шоҳи сафедбахти сияҳмаст чизеро пай намебарад, шодон аст, ки ба мурод расида. Вале чун нигоҳаш ба нигоҳи хоҷасаройи бузург бархўрд, хешро сайди бадомафтода донист ва назари вазир Боҳўйро гурезонда чашм танг кард, ки аз доми ин маккор низ раҳо хоҳад ёфт. Чун муттаҳам аст пеши ва-

  1. Занони шоҳ; палонҷҳо.
пешина
аз 390
навбатӣ