Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оқибати кор торик буд баройи шоҳзода, ҳамин қадар дарёфта, ки сипаҳсолор месўзад баройи шоҳ Ардашери II ва шояд тунд гардад гуфтушунидашон. Ҳамчунон набарди мору сусмор. Рўзи миёни гўрҳойи бародарон гаштан дида буд, ки андар буни харсанги сиёҳ чӣ ҷанге доштанд он ду ҷонвари безеб. Мор ғазаб мекарду мегазид сусморро. Сусмор ба харсанг мечаспиду худро ба зер меандохт ва меҷўлид ба хоку рег, боз метохт ба мор.
Ва мор фурсат меҷуст, ки аз сар ё думи сусмор бидорад ва фурў кашад онро... Ва шоҳзода ҳоло намедонист кадоме аз эшон мор асту кадоме сусмор...
Фикру хаёлаш ба оварди мору сусмор, чашмаш ба хоҷасарой афтод, ки сиёҳ мегашт вазир ва дандон мефишурд ва мушт гиреҳ карда буд, аммо намедонист чӣ бикунад ва кафид:
— Сипаҳсолорро кӣ монда ба кори дарбор?!
— Сипаҳсолорро дил сўзад ба мулки Порс! Сипаҳсолор, омада нест, зархарид нест, бегона нест ва хориҷӣ ҳам нест...
— Дигаронро дил насўзад ба мулки Порс?
— Оре! Дигаронро дил насўзад. Дигарон кишвари Порсро харобот кардан мехоҳанд.
— Кӣ гуфта чунин ҳарфро?
— Шоҳ Ардашери II сари ин андеша буд ва медонист омади корро...
— Ва ту низ донӣ омади корро?
— На! Ман дидам омади корро!
— Пас чиро мунтазирӣ? Шамшер бизан!
— Ин ҷо саре баройи шамшер нест. Шамшер баройи сарҳойи баланд!
— Ман ҳаваси тоҷу тахтро надорам, сипаҳсолор, чаро бо ман ситезӣ? Агар ту орзу дорӣ, танҳо бо зарби шамшер хоҳӣ гирифт.
— Ман низ чунин ҳавасро надорам, хоҷасарой.
— Пас чӣ ҷойи ситезаву иддао? Ардашери III, ки зинда аст.
Даст сўйи шоҳзода Ох ёзида гуфт хоҷасарой ва мунтазир шуд, то чӣ гўяд сипаҳсолор. Сипаҳсолор зуъм кард ва чизе нагуфт, зеро андешайи ў на бар он буд, ки кӣ бояд шоҳ шавад, балки чунон буд, ки шоҳ Ардашери II-ро кӣ кушт ва чаро кушт? Чун ба эшон фаҳмондан осон набуд, боз ситезид ва ба мурдайи шоҳ ҳам нигоҳ накарда, бадар рафт...
Сипаҳсолор фардо ба дафни шоҳ ҳозир нашуд. Дигар рўзҳо низ пайдо набуд. Дар базму маросими тоҷгузорӣ ва ҷулуси Ардашери III – Ох низ касе ўро надид. Овоза карданд, ки Сосони ҷосус кушта ўро...
Чун шоҳзода Ох шоҳ Ардашери III ном гирифт ва ба тахти муборак нишаст, аъёну акобирро шинохт, бо сиёсати мулкдорӣ ошно гашт, лаззати ҳукмронӣ чашид, ҳукми хешро воҷиб дид, шамшер гузаро дарёфт ва аҳли дарборро банда донист...

пешина
аз 390
навбатӣ