Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Вазири доно чашмдор набуд чунин посухро, дергоҳ сар боло накард, то андешаду хазм гардонад ҳарфи сипаҳсолорро, ки беҳуда набувад чунин гуфтанаш. Ҳама нафас ба дарун доштанд ва гўё гўш доданд, ки аз мурда нафас мебарояд ё на. Ҳоҷасарой чун девори кўҳна нам кашид, пиндошт пешгирӣ накунад, ин нам деворро хўрад ва аз бун биафканад. Хурўшид дар худ. Ҳазм карда натавонист ҳарфи дурушту дағали сипаҳсолорро. Шоҳзодайи ноогоҳ аз набарду оварди вазиру дилу асбу руху сипоҳ ҳайрон монда буд аз муколамайи вазиру сипаҳбад, дам ба дам менигарист ба эшон ва намедонист чӣ бикунад. Агар вазири доно ва сипаҳсолори пархошгар забон як карда, ҳама гуноҳро бар дўши шоҳзода бор кунанд ва вазир аз дидаву донистаҳояш далел пеш оварад, барабас равад ҳама кардаву кўшидаҳояш ва рўсиёҳ гардад. Сурфид шоҳзода, то эшонро ба худ орад.
«— Чӣ гуна ҷанг сипаҳсолор?» – нарм пурсид вазири пурдида.
«— Ҷанг баройи тоҷу тахт» – филфавр посух дод сипаҳсолор.
Вазир киноя донист ҷавоби ўро ва гумон кард, ки андешайи дар сар доштаашро сипаҳсолор хонда.
«— Касе талабгори тахту тоҷ нест, сипаҳсолор».
«— Чун хоҷасарой фармуданд, ки шоҳ бевасият рафта...»
«— Бале, бевасият рафта... аммо валиахд дорад шоҳ. Шоҳзода Ох ҳозир аст!» – бо ҷуръат гуфт хоҷасарой ва дар овозаш ҳанўз ҳам ларзише буд.
«— Давлати ҳахоманишиҳо ҳанўз футур нарафта, аъёну акобир дорад, бигзор онон ҳал кунанд, на вазири маккор!»
Дасту пойи хоҷасарой суст шуд ва дарёфт, ки сипаҳбад огоҳ гашта аз кирдори ў, бинобар он чунон забондарозӣ кунад. Чун пешааш макру ҳиял буд, сарфи назар накард аз он.
«— Сипаҳсолори арҷманд, ман розӣ ҳастам бо фикри шумо...
Мурдаро монда тутхўрӣ накунем... Мулк барҷост, дудмони ҳахоманишиҳо хароб нагашта, бигузор аъёну акобир гирд оянд ва ҳал кунанд масъаларо...»
Чун сарсипоҳ аз кирдорҳойи шоҳзода ва кўмаки хоҷасарой огоҳ набуд, танҳо лаҳзайи охирини ҳаёташ бо хоҷасарой будани шоҳ Ардашери II-ро медонист ва ҷоми заррин ёзидани вазирро дида буд, иддао мекард бар он. Хоҷасарой вонамуд кард, ки наранҷида аз сипаҳсолори эронӣ, танҳо чашм танг кард, ки нишонайи ба танг омадани дили ў буд. Кина гирифт, аммо чунон намояд, ки чизе нашуда.
Шоҳзода Ох гўш медод ба ҳарфи эшон, диққат мекард ваҷоҳаташонро, мушоҳида дошт рафтору кирдорашонро, вале чизе намефаҳмид. Сарфаҳм намерафт, ки чаро талх мегўянду киноя. Андаке дарк карда, ки сипаҳсолор ҷиддист ва умед баста ба чизе ва бад дида вазир Боҳуйро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо